Паёмадҳои таркиши Бейрут
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i56190-Паёмадҳои_таркиши_Бейрут
Таркиши шадиди Лубнон, ки расонаҳо онро бо бомбаборони атомии Ҳирошима ва Наказакии Жопон тавассути Амрико дар замони Ҷанги ҷаҳонии дуввум муқоиса мекунанд, сарфи назар аз иллатҳои вуқуъ, табаоти муҳиме барои кишвари кучак ва муҳими Лубнон дорад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 06, 2020 10:04 Asia/Dushanbe
  • Паёмадҳои таркиши Бейрут

Таркиши шадиди Лубнон, ки расонаҳо онро бо бомбаборони атомии Ҳирошима ва Наказакии Жопон тавассути Амрико дар замони Ҷанги ҷаҳонии дуввум муқоиса мекунанд, сарфи назар аз иллатҳои вуқуъ, табаоти муҳиме барои кишвари кучак ва муҳими Лубнон дорад.

Ҳануз мушаххас нест иллат ё омили таркиши шадид дар бандари Бейрут чист ё кист. Ин таркиш камкорӣ буда бошад ё вайронкорӣ, табиӣ бошад ё ғайритабиӣ, дохилӣ бошад ё хориҷӣ, табаоти сангине барои Лубнон дошта ва дар идома низ хоҳад дошт.

Дар баёнияи Ҳизбуллоҳи Лубнон низ омаддаст: Ин фоҷеаи дарднок ва вайронии бесобиқаи он ва паёмадҳои хатарноки он дар сатҳҳои мухталифи инсонӣ, беҳдоштӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ҳамбастагӣ ва якпорчагии тамомии лубнониҳо ва ҳамаи гуруҳҳои сиёсӣ ва иқдоми муштарак барои убур аз ин ранҷи дарднокро зарурӣ мекунад.

Нахустин паёмади таркиши Бейрут, ки малмус ва маҳсус низ буд, талафоти шадиди инсонӣ аст. То кунун мутобиқи охирин оморҳо, ин таркиш беш аз 130 кушта ва ҳудуди 5 ҳазор захмӣ дошта, ки мумкин аст бар шумори куштаҳо афзуда шавад. Илова бар кушта ва захмӣ шудани неруи инсонӣ, ин таркиш табаоти руҳии зиёде барои шаҳрвандони лубнонӣ хоҳад дошт чаро ки мардуми Лубнон ба воситаи аз даст додани наздикон ва ҳамватанони худ ва ҳам ба воситаи тахриби бахши муҳиме аз Бейрут дучори осебҳои руҳӣ ва равонӣ шуданд.

Дуввумин ва муҳимтарин паёмади муҳим ва малмуси ин таркиши маҳиб, ки ба навъе тадоикунандаи як силоҳи атомии кучак буд, дар ҳавзаи иқтисодӣ аст. Муҳимтарин мушкили кунунии Лубнон, ки ҳатто чолишҳои амниятӣ барои давлати Ҳисон Даёб эҷод кард, дар ҳавзаи иқтисодӣ аст. Ба гузориши бархе расонаҳои лубнонӣ, ҷараёни тарафдори Ғарб дар ин кишвар маблағҳои калоне афзун бар 20 миллиард долларро таи муддати кутоҳе аз кишвар хориҷ кардаанд, масъалае, ки боиси суқути 70 дарсадии арзиши пули миллии Лубнон шудааст. Акнун бо ин таркиш бар мушкилоти иқтисодии лубнониҳо ва давлати Даёб афзуда мешавад.

Рӯзномаи Гордиян дар ин хусус навишт: 90 дарсади гандуми масрафии Лубнон воридотӣ аст, ки аксари он аз тариқи терминалӣ анҷом мешуда, ки дар қалби ин таркиш қарор доштааст. Ин дар ҳоле аст, ки танҳо дар чанд моҳи ахир, маводи ғизоӣ дар Лубнон 80 дарсад афзоиши нарх доштааст.

Рӯзномаи лубнонии Ал-Ахбор низ навишт: Колоҳое, ки вориди бандари Бейрут мешуд, беш аз 70 дарсади ҳаҷми колоҳои воридотӣ ба Лубнонро ташкил медод.

Аҳмади Дастмолчиён, сафири пешини Эрон дар Лубнон низ дар бораи табаоти иқтисодии ин таркиш гуфт, ин таркиш хасорати сангинеро ба захираҳои гандуми Лубнон дар ин минтақа ворид карда ва шояд ҳудуди 90 дарсад аз захираҳои гандуми мавҷуд дар ин бандар аз байн рафтааст ва ин худ метавонад боиси мушкилоти ҷиддӣ дар заминаи маишат барои мардуми Лубнон шавад, ки давлати Лубнон бояд барои он фикре кунад. Илова бар ин бозсозии ниҳодҳо, манзилҳо, маконҳои тиҷорӣ ва ҳамчунин бозсозии бандари Бейрут низ ба ҳазинаи бисёр зиёде ниёз дорад, ки дар тавони иқтисоди кунунии Лубнон нест.

Севумин паёмади таркиши Бейрут, дар ҳавзаи сиёсӣ аст. Давлати Лубнон дар бурузи ин таркиш нақше надошта ва ҳатто камкории эҳтимолӣ низ иртиботе бо давлат надорад, аммо ин таркиш сабаби афзоиши фишорҳои сиёсӣ бар давлати Ҳисон Даёб мешавад. Давлати Даёб таи 6 моҳе, ки аз умри он мегузарад, таҳти шадидтарин фишорҳо қарор дошта ва мухолифони дохилӣ ва хориҷӣ барои сарнагунии он талоши бисёре анҷом доданд, ки охирини он, истеъфои ҳадафманди рӯзи душанбеи гузаштаи Носиф Ҳитти, вазири умури хориҷаи Лубнон буд. Акнун низ мухолифони давлат бо баҳрагирӣ аз осеби руҳии мардум ҷанги равонӣ алайҳи давлати Даёбро афзоиш хоҳанд дод.