Август 12, 2020 17:28 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Яман ба ҳазфи номи Арабистон аз феҳристи кӯдаккушии Созмони Милал

Нахуствазири давлати Наҷоти миллии Яман аз Созмони Милал ба далели ҳазфи номи Арабистон аз феҳристи нақзкунандагони ҳуқуқи кӯдакон интиқод кард.

Абдулазиз Солеҳ бин Ҳабтур, нахуствазири давлати Наҷоти миллии Яман имрӯз – чаҳоршанбе, дар дидор бо Лиз Гранде, ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи Созмони Милал таъкид кард, ҳазфи номи Арабистон аз феҳристи нақзкунандагони ҳуқуқи кӯдакон, лакаи нанге бар пешонии ин созмон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва нишон додани чароғи сабз ба мутаҷовизон барои иртикоби қатли оми рӯзона алайҳи кӯдакон ва занони яманӣ аст.

Ҳабтур бо интиқод аз бархе созмонҳои байналмилалии фаъол дар Яман гуфт, мудохилоти ин созмонҳо бо унвони умури башардӯстона дар замоне, ки шоҳиди фоҷеаи инсонӣ ва ташдиди авзоъ дар Яман ҳастем, натиҷае ҷуз идомаи ҳамалоти нерӯҳои эътилофи саудӣ ва муҳосираи Яман надорад.

Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳафтаи гузашта дар гузориши солонаи худ дар бораи кӯдакон ва даргириҳои мусаллаҳона дар соли 2019 эълом кард, эътилофи саудӣ масъули куштори 222 кӯдаки яманӣ дар соли 2019 аст.

Бо ин ҳол Созмони Милал номи Арабистонро аз феҳристи сиёҳи тарафҳои масъули тахаллуфоти бузург алайҳи кӯдакон хориҷ кард.

 

Барчасп