Август 27, 2020 19:18 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Ҳания аз талоши бархе кишварҳои арабӣ

Раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати Фаластин(Ҳамос) аз талоши бархе кишварҳои арабӣ барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ интиқод кард

Исмоил  Ҳания, Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос имрӯз панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ бо ишора ба ин ки набояд Иморот пуле барои иҷрои оддисозии бештар бо режими саҳюнистӣ бошад, гуфт, тавофуқи Иморот, ханҷаре дар пушти миллати Фаластин буд.

Ҳания бо баёни ин ки мардуми Фаластин дар дохил ва хориҷ аз ин кишвар мухолифи оддисозии равобити Иморот бо режими саҳюнистӣ ҳастанд, афзӯд, тавофуқи Иморот бо Исроил дар ростои эътилофи минтақаӣ сурат гирифтааст ва ин режим ҳидояти онро бар ӯҳда дорад.

Иқдоми Иморот барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ бо маҳкумияти бисёре аз кишварҳои исломӣ ва гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ ҳамроҳ шудааст.

Барчасп