Дар гуфтугӯи Малик Салмон ва Трамп чи гузашт?
(last modified 2020-09-07T06:07:15+00:00 )
Сентябр 07, 2020 11:07 Asia/Dushanbe
  • Дар гуфтугӯи Малик Салмон ва Трамп чи гузашт?

Подшоҳи саудӣ якшанбешаб дар гуфтугӯи телефонӣ бо раиси ҷумҳури Амрико бар лузуми созиш миёни фаластиниён ва саҳюнистҳо таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Малик Салмон дар ин тамоси телефонӣ зимни қадрдонӣ аз он чи, ки ӯ "талошҳои Амрико барои бозгардондани сулҳ ба минтақа" хонд, бар тамоюли Арабистон ба барқарор шудани тавофуқи созиш байни фаластиниҳо ва саҳюнистҳо таъкид кард.  

Салмон бин Абдулазиз дар ин тамоси телефонӣ ҳамчунин дар бораи раванди иҷлоси Гурӯҳи 20, ки Риёз раёсати давраии онро дар соли ҷорӣ бар уҳда дорад ва низ талошҳо барои муқобила бо ҳамагирии вируси корона ва коҳиши паёмадҳои ин ҳамагирӣ бо раиси ҷумҳури Амрико гуфтугӯ кард.

Сарони саудӣ ва Аморот дар солҳои ахир барои иртибот бо саҳюнистҳо талошҳои зиёде кардаанд, ки бо рӯи кор омадани Доналд Трамп дар Амрико дар соли 2015 ин раванд суръати бештаре ба худ гирифтааст.

Дар рӯзҳои ахир ва пас аз эъломи тавофуқи оддисозии равобити Аморот ва режими саҳюнистӣ, як ҳавопаймо аз Тел-Авив бо убур аз осмони Арабистон дар фурудгоҳи Абузабии Аморот ба замин нишаст.

 

Барчасп