Додгоҳи Арабистони Саудӣ муш зоид!
(last modified Mon, 07 Sep 2020 16:38:02 GMT )
Сентябр 07, 2020 21:38 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи Арабистони Саудӣ муш зоид!

Додситони Арабистон саранҷом пас аз ду сол, барои муҷримони парвандаи қатли Ҷамоли Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди режими саудӣ аҳкоми ниҳоиро содир кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҷамоли Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди режими саудӣ октябри 2018 пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истанбули Туркия нопадид шуд. Режими саудӣ бо сукут ва такзиби ин моҷаро, саранҷом таҳти фишорҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ таъйид кард, ки Хошуқҷи дар консулгарии ин кишвар ба қатл расидааст.

Додситони саудӣ рӯзи душанбе дар иттилоияе эълом кард, ҷанбаи хусусии ҷурми қатли Ҷамоли Хошуқчи бо афви хонаводаи вай хотима ёфт ва дар хусуси ҷанбаи умумии ҷурм низ панҷ нафар аз маҳкумон ҳар кадом ба 20 сол зиндон, як нафар ба ҳафт сол ва ду нафар низ ба 10 сол зиндон маҳкум шуданд ва ин аҳкоми ниҳоӣ аст.

Фарзандони Хошуқҷи дар ҳоле қотилони падари худро афв карданд, ки аз замони қатли ӯ иҷозаи хуруҷ аз Арабистонро наёфтаанд.

Ин аҳком барои маҳкумони парвандаи Хошуқҷи дар ҳоле содир шудааст, ки бисёре аз маҳофили ҳуқуқи башарӣ Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди саудӣ ва сауд Алқаҳтони ва Аҳмад Усайри, ду шахсияти наздик ба Бин Салмонро муттаҳамони радифи аввал медонанд, аммо ин се нафар то кунун дар ҳеҷ додгоҳе ҳозир нашудаанд.

Пеш аз ин Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон дар гуфтугӯ бо шабакаи амрикоии “Пи Би Эс” масъулияти қатли Ҷамоли Хошуқҷи ба дасти авомили саудиро бар уҳда гирифтааст.