Сентябр 13, 2020 14:51 Asia/Dushanbe
  • Оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ, муҳосиботи ғалат ва паёмадҳо

Дар ҳоле, ки ҳанӯз як моҳ аз эъломи тавофуқи оддисозии равобити байни режими саҳюнистӣ ва Аморот нагузаштааст, Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико, ёздаҳуми сентябр, аз оддисозии равобит байни Баҳрайн ва режими саҳюнистӣ низ хабар дод.

Шодмонии зудгузари баромада аз оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ, аммо танҳо як рӯи сикка аст ва рӯи дигари он, ибҳомҳо ва саволҳои мутааддид аст .

Таърихи муборизоти миллати мазлуми Фаластин нишон медиҳад, ки бо вуҷуди фитнаҳо ва тавтеаҳое, ки дар утоқҳои фикри Амрико ва Исроил тарроҳӣ мешаванд, ҷабҳаи муқовимат мунсаҷимтар ва қавитар шуда, ҳамонгуна, ки нафрат аз саҳюнизм назди миллатҳои адолатҷу ва озодихоҳи минтақа ва ҷаҳон ниҳодина шудааст.

Нигоҳ ба гузашта нишон медиҳад, интифозаи аввал ва дуввуми Фаластин, инъикосе аз иродаи миллате аст, ки пас аз талош барои ҳазфи қазияи Фаластин дар конфронси кампи Девид дар соли 2000 буруз ва зуҳур ёфт ва режими Исроилро маҷбӯр ба тағйири муодилот кард. Шароити имрӯзи минтақа низ қатъан аз ин ирода мустасно нест ва моҳи асали оддисозии равобити режими ҷинояткори кудккуши Исроил бо Аморот ва Баҳрайн чандон тӯлонӣ нахоҳад буд.

Бо таъкид бар ҳамаи ин воқеиятҳо аст, ки Вазорати умури хориҷаи Эрон , ин робитаи нангинро маҳкум кард. Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳам бо судури баёнияе таъкид кард: Думинои оддисозии равобити режими саҳюнистӣ бо ҳуккоми бархе кишварҳои арабӣ, ки бо муҳандисии Кохи Сафед ва раиси ҷумҳури манфӯр ва бехиради Амрико аст, ҳаргиз ба фарҷоми шуми худ мунтаҳӣ нахоҳад шуд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои машрӯъ ҷилва додани режими саҳюнистӣ дар ҷаҳони араб ва уммати исломӣ ба думболи эҷоди равобити дипломатик ва иқтисодии аланӣ миёни Исроил ва кишварҳои арабӣ аст. Ин стратегия дар ваҳлаи нахуст; ба дунболи костан аз аҳамияти "гуфтумони муқовимат ва истодагӣ" ва ҷойгузин кардани он бо ҷараёни созиш дар қолаби пружаҳои муомилаи қарн аст .

Ҳадафи дигари стратегияи амрикоӣ - саҳюнистӣ эҷоди пойгоҳҳои нуфузи Исроил дар минтақааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳушдор нисбат ба ҳаргуна дахолати режими саҳюнистӣ дар муодилоти минтақаи Халиҷи Форс, тасреҳ кардааст, ки давлати Аморот ва дигар давлатҳои ҳамроҳ бояд масъулияти тамомии авоқиби ин иқдомро бипазиранд.

Абдулборӣ Атвон- сардабири рӯзномаи Раъюлявм дар таҳлили оддисозии равобит миёни Аморот ва режими саҳюнистӣ , мегӯяд: Ин иқдом ба маънои воқеии калима оддисозии маҷҷонӣ ва ба масобаи ҳадияе барои Бенямин Натанияҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ва Ҷаред Кушнер- домоди Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба шумор меравад. Ҳамчунин талоше эҳтимолан ноком барои наҷоти Доналд Трамп аз шикаст дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико маҳсуб мешавад. Ин тавофуқ барои Аморот  танҳо нооромӣ ва бесуботӣ ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Оддисозии равобити кишварҳои арабии минтақа бо режими саҳюнистӣ аз ҳар зовияе, ки ба он нигоҳ шавад, ҳалқае аз як таҳдиди бузург дар минтақааст, ки бояд аҳдофи он дар ҳамаи абъод табйин шавад. Баҳрайн низ дар як хатои муҳосиботӣ ва бунёдин ба ҷои касби машрӯъият аз мардуми худ , бо пушт кардан ба онон ва бо иқдоме хиффатбор ба домани режими ишғолгари Қудс паноҳ оварда ва ормони Фаластини шарифро қурбонии интихоботи дохилии Амрико кардааст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, дар бахше аз баёноти ахирашон дар таҳлиле равшан аз ҳадафҳо ва паёмадҳои шуми барқарории робитаи нангин байни Аморот ва режими ҷинояткори Исроил , ин ҳаракатро хиёнате ба дунёи ислом, ҷаҳони араб ва кишварҳои минтақа ва ба масъалаи муҳими Фаластин хонданд ва гуфтанд: Албатта ин вазъият дере нахоҳад пойид, аммо лаккаи нанги он бар пешонии касоне, ки ғасби кишвар ва овора кардани миллати Фаластинро ба бутаи фаромӯшӣ супурданд ва пойи саҳюнистҳоро дар минтақа боз карданд, боқӣ хоҳад монд.

 

Барчасп