Ду ҳазор рӯз ҷанги Арабистон алайҳи Яман бо 43 ҳазор кушта ва захмӣ
(last modified 2020-09-14T08:29:18+00:00 )
Сентябр 14, 2020 13:29 Asia/Dushanbe
  • Ду ҳазор рӯз ҷанги Арабистон алайҳи Яман бо 43 ҳазор кушта ва захмӣ

Воҳиди назорати маркази ҳуқуқи башар ва омори ҷиноёти таҷовузоти саудӣ - амрикоии Яман, омори шаҳидон, захмиҳо ва хисоратҳои воридшуда ба ин кишвар дар муддати ду ҳазор рӯзи ҷангро эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Алмасираи Яман, воҳиди назоратии маркази ҳуқуқи башар ва омори ҷиноёти таҷовузи саудӣ - амрикоии Яман рӯзи душанбе бо судури баёнияе эълом кард: Дар ин муддат 16 ҳазору 978 шаҳрванди яманӣ бар асари ҳамалоти заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ эътилофи саудӣ шаҳид шудаанд, ки 3 ҳазору 790 нафар аз онҳо кӯдак ва 2 ҳазору 381 нафар зан ҳастанд.

Ин марказ теъдоди маҷрӯҳони ҷанги таҳмилии Арабистон ва ҳампаймононашро 26 ҳазору 203 нафар эълом кард, ки 4 ҳазору 89 нафари онҳо кӯдак ва 2 ҳазору 780 нафар зан ҳастанд.

Бино бар эъломи воҳиди назорати маркази ҳуқуқи башар ва омори ҷиноёти таҷовузоти саудӣ - амрикоӣ дар Яман, 9 ҳазору 135 марказ ва таъсисоти зербиноии ин кишвар шомили 15 фурудгоҳ, 16 бандар, 304 истгоҳи барқ ва генератор ва 537 шабака ва истгоҳи иртиботии барқ дар ҳамалоти неруҳои эътилоф ба раҳбарии Арабистон вайрон шуда ва ё осиб дидааст.

Ҳамчунин дар шаш соли ҷанг, 565 ҳазору 973 хона, як ҳазору 375 масҷид, як ҳазору 95 мадраса, 47 марказ расонаӣ, 389 бемористон ва маркази дармонӣ, 365 маркази гардишгарӣ, 176 донишгоҳ ва 576 ҳазору 528 маркази хадамотӣ дар Яман тахриб шуда ва ё хисорат дидааст.

Арабистон ба ҳамроҳии бархе кишварҳои арабӣ ва бо чароғи сабзи Амрико ва кумаки режими саҳюнистӣ аз шаш соли пеш то кунун ба баҳонаи бозгардондани Абдар беҳ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури истеъфокарда ва фирории Яман, ин кишварро ҳадафи ҳамалот ва муҳосираи ҳавоӣ, заминӣ ва дарёӣ қарор додааст.

 

Барчасп