Сентябр 15, 2020 12:31 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии кампайни имзои маншури кишвари Фаластин

Фаъолони арабӣ дар фазои маҷозӣ кампайни имзои маншури кишвари Фаластинро ба роҳ андохтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Меҳр, дар маншури Фаластин, ки рӯзи сешанбе ба сурати густурда дар фазои маҷозӣ мунташир шуда омадааст: Фаластин як кишвари арабӣ таҳти ишғол ба шумор меравад, ки озодсозии он як вазифа аст ва ҳаргуна оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ хиёнат маҳсуб мешавад.

Ин кампайнро фаъолони мухолифи оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ дар кишварҳои мухталиф аз ҷумла Аморот, Арабистон, Уммон ва дигар кишварҳои арабӣ ҳимоят мекунанд.

Тавофуқи оддисозии равобити Аморот ва Баҳрайн бо режими саҳюнистӣ бо интиқодҳои густурдае дар ҷаҳони ислом мувоҷеҳ шудааст.

 

Барчасп