Ансоруллоҳи Яман: Оддисозии равобит бо Исроил хидмат ба Трамп аст
(last modified Sat, 19 Sep 2020 15:19:18 GMT )
Сентябр 19, 2020 20:19 Asia/Dushanbe
  • Ансоруллоҳи Яман: Оддисозии равобит бо Исроил хидмат ба Трамп аст

Сухангӯи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, оддисозии равобити Аморот ва Баҳрайн бо режими саҳюнистиро хидмат ба интихоботи Амрико ва Доналд Трамп донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон , Муҳамад  Абдусалом рӯзи шанбе дар гуфттугӯ бо пойгоҳи хабарии Ал-Аҳди Лубнон гуфт : ҳадафи бархе кишварҳо аз оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ , ташвиқи дигар кишварҳо ба пайвастан ба ин иқдоми ғайриқонунӣ аст .
Сухангӯи  Ансоруллоҳи Яман таъкид кард агар раванди оддисозии равобит такмил шавад , масаълаи Фаластин ба ҳошия мераваду саҳюнистҳо озодии бештаре дар минтақа пайдо мекунанд .
Абдусалом афзуд : дар марҳалаи нахуст миллати Фаластин бояд муқобили ин иқдомот боистанд ва ҷумбишҳои муқовимату низомҳои сиёсии минтақа низ бояд аз фаластиниён ҳимоят кунанд ва ба ормони Фаластин пойбанд бошанд .
Сухангӯӣ  Ансоруллоҳ гуфт : таҳаввулоти ахир нишон дод умед бастан ба мавзегирии расмии кишварҳои арабӣ , саробу хаёл аст .
 Имороту Баҳрайни сешанбеи гузашта дар Кохи сафед бо ҳузури Доналд Трамп Раиси Ҷумҳурии Амрико ва Бенямин Натаняҳу нахуствазири Исроил , тавофуқи оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро имзо карданд .