Сентябр 23, 2020 10:10 Asia/Dushanbe
  • Арабистон : Маросими ҳаҷҷи умра аз чаҳоруми октябр оғоз мешавад

Як масъули вазорати дохилаи Арабистон эълом кард : Маросими умра ва зиёрати хонаи Худо ва Масҷидуннабӣ бо риояти усули беҳдоштии лозим ба таври тадриҷӣ аз чаҳоруми октябри 2020 аз сар гирифта мешавад .

 Хабаргузории расмии Арабистон, ба нақл аз як масъули вазорати дохилаи Арабистон эълом кард : Иҷрои ин тасмим тайи чанд марҳила анҷом хоҳад шуд; дар марҳилаи нахуст ба шаҳрвандону афроди муқим дар дохили Арабистон иҷоза дода мешавад аз чаҳоруми октябри 2020 рӯзона шаш ҳазор нафар, яъне 30 дарсад аз зарфияти таъиншуда дар шароити коронаӣ имкони адои маносики умраро доранд .

 Дар марҳилаи дувум аз 18 октябри 2020 ба шаҳрвандону афроди дохили Арабистон, ки шомили рӯзона 15 ҳазор умрагузор ва 40 ҳазор намозгузор мешавад, иҷозаи адои умра дода мешавад, ки ин теъдод 75 дарсад аз зарфияти таъиншуда дар шароити коронаист .

 Дар марҳилаи сеюм ҳам аз аввали ноябри 2020 то замони эъломи расмии поёни корона ё рафъи хатари он ба шаҳрвандон ва афроди муқим дар дохили Арабистон ё хориҷи ин кишвар иҷоза дода мешавад ба теъдоди рӯзона 20 ҳазор умрагузору 60 ҳазор намозгузор ба зиёрати хонаи Худо биёянд, ки ин теъдод 100 дарсади зарфияти таъиншуда дар шароити корона аст .

 Сафари умрагузорон аз беруни Арабистон ҳам ба шакли тадриҷӣ ва аз кишварҳое хоҳад буд, ки вазорати беҳдошти Арабистони саудӣ таъйид мекунад,ки хатаре дар робита бо бемории корона дар онҷо вуҷуд надорад .

 Арабистон ҳамзамон бо ҳамагирии вируси корона зимни таваққуфи парвозҳои байналмиллалӣ марзҳояшро ба рӯйи  шаҳрвандони хориҷӣ баст ва умраро таътил кард .

Маносики ҳаҷҷи соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ ҳам бо теъдоди бисёр маҳдуд ва тавассути касоне, ки дар дохили Арабистон иқомат доштанд , баргузор шуд .

 

Барчасп