Афзоиши мухолифати судониҳо бо оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ
(last modified Mon, 28 Sep 2020 17:11:20 GMT )
Сентябр 28, 2020 22:11 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мухолифати судониҳо бо оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ

Мавозеи мухолиф бо ҳар гуна посухи мақомҳои Хартум ба фишорҳои Амрико барои пазириши оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ дар Судон афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилорасонии "Ал-Арабӣ ал-ҷадид" , " Содиқ ал-Маҳдӣ " нахуствазири пешини Судон бо баргузории як ҳамоиши сиёсӣ, корзори мардумӣ барои муқобила бо оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро оғоз кард . 
Ал-Маҳдӣ дар ин ҳамоиши сиёсӣ гуфт : ҳизби вай аз нерӯҳои сиёсӣ ва маданӣ, комитетҳои инқилобӣ ва ташкилот дар Судон дархост кардааст то мавзеи яксонӣ дар хусуси муқобила бо оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ дошта бошанд . 
Мухолифатҳо бо оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ дар Судон пас аз он шиддат гирифт, ки як ҳайат аз мақомҳои аршади давлати интиқолии судонӣ якшанбеи 20 сентябр барои музокира дар бораи оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ дар Абу-Дабӣ пойтахти Иморот ҳозир шуданд .
Мардуми Судон рӯзи ҷумъа  25 сентябр бо баргузории тазоҳурот дар Хартум , пойтахти ин кишвар, ҳаргуна оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро маҳкум карданд .
 Имороту Баҳрайн баъд аз эъломи тавофуқи созиш бо режими ишғолгари Қудс сешанбе 15 сентябр дар Кохи сафед бо режими саҳюнистӣ тавофуқи оддисозии равобит имзо карданд .