Октябр 01, 2020 14:12 Asia/Dushanbe
  • Судури ҳукми эъдом барои Трамп ва малик Салмон дар додгоҳи Яман

Додгоҳе дар Яман ҳукми эъдоми даҳ нафар аз ҷумла Салмон бин Абдулазиз - подшоҳи Арабистон , Муҳаммад бин Салмон- валиаҳди Саъудӣ ва Доналд Трамп - раиси ҷумҳӯрии Амрикоро дар иртибот бо ҷинояти ҳамлаи ҳавоӣ ба автобуси ҳомили донишомӯзони яманӣ дар бозори Саъда содир кард .

Ҷангандаҳои режими мутаҷовизи саъудӣ бо ҳимояти Амрико , 9 августи 2018 автобуси ҳомили кӯдакони яманиро дар шаҳри Заҳиёни  устони Саъда ҳадаф қарор доданд, ки бар асари он 55 кӯдак кушта ва 77 нафари дигар захмӣ шуданд .

 Ба гузориши рўзи панҷшанбеи хабаргузории ямании Сабо , дар ин додгоҳ, ки ба раёсати қозӣ Риёз Арризомӣ баргузор шуд , ҳукми эъдоми ин афрод ба ҳамроҳи Турки бин Бандар бин Абдулазиз-шоҳзодаи саъудӣ ,Ҷеймс Матиз- вазири дифои пешини Амрико , Абдурабӣ Мансур Ҳодӣ-раиси ҷумҳури мустаъфии Яман ва чанд мақоми дигари давлати мустаъфии Яман содир шуд ва ин афрод ба пардохти 10 миллиард доллар ғаромат ба волидайни кудакон маҳкум шуданд.

 Турки Алмоликӣ-сухангӯи эътилофи мутаҷовизи Саъудӣ пас аз ҳамлаи ҷангандаҳои саъудӣ ба бозори Саъда ва куштори донишомӯзони яманӣ гуфт:Ин ҳамла иқдомии низомии  машрӯъ буда аст.

 Арабистон бо ҳимояти Аморот , Амрико ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар карда аст.

 Ҷангафрузии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз чаҳордаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шуда аст .

 

Барчасп