Октябр 03, 2020 12:22 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши хушунати Исроил алайҳи фаластиниҳо пас аз имзои тавофуқи созиш

Бо гузашти ду ҳафта аз имзои тавофуқи созиш дар Кохи Сафед, режими саҳюнистӣ бар хушунатҳои худ алайҳи фаластиниҳо афзудааст.

Иморот ва Баҳрайн рӯзи 15 сентябр дар Кохи Сафед бо ҳузури Доналд Трамп ва Бенямин Натяняҳу, тавофуқи созиш бо режими саҳюнистиро имзо карданд. Иддаои ҳокимони Баҳрайн, Иморот, Амрико ва Исроил ин буд, ки бо ин тавофуқ сулҳ афзоиш хоҳад ёфт вау аз низоъ дар минтақа коста хоҳад шуд.  
Бо ин ҳол, бо гузашти ду ҳафта аз имзои ин тавофуқ, на танҳо асаре аз коҳиши хушунат дида намешавад, балки ҳатто режими саҳюнистӣ бар хушунати худ алайҳи фаластиниҳо афзудааст . Дар тозатарин иқдом, низомиёни Исроилӣ « Шайх Ҳасани Юсуф » 64 сола ва аз аъзоии аршади ҷумбиши Ҳамосро дар манзилаш, воқеъ дар шаҳраки " Бейтония" , ғарби Ромуллоҳ дар Каронаи Бохтарӣ, боздошт ва ба урдугоҳи " Офер" мунтақил карданд .  
Боздошти Шайх Ҳасани Юсуф дар ҳоле аст, ки вай 21 сол аз умри худро дар зиндонҳои Исроил сипарӣ кардааст ва июли гузашта пас аз 15 моҳи асорат дар зиндонҳои режими Исроил, озод шуда буд. Нуктаи ҳоизи аҳамият ин ки , далели аслии боздошти Шайх Ҳасани Юсуф ин аст, ки вай дар вокуниш ба оддисозии равобит бархе кишварҳои арабӣ бо Исроил, талошҳое дар ростои ҳамгаройии байни ҷумбишҳои Фатҳ ва Ҳамос доштааст. Дарвоқеъ, режими Исроил инсиҷом, якпорчагӣ ва ҳамгароии гурӯҳҳои фаластиниро, ки аз паёмадҳои тавофуқи созиш аст, намепазирад ва бо талошҳо дар ин ҷиҳат ва афроде, ки дар ин росто ҳаракат кунанд, бархурд мекунад .
Аз сӯи дигар, Исроил саъй дорад бо боздошти аъзои аршади ҷумбишҳои фаластинӣ, раванди ҳамгароии фаластиниҳоро мутаваққиф кунад . « Ҳисом Бадрон » узви дафтари сиёсии Ҷумбиши муқовимати исломии Ҳамос дар вокуниш ба иқдоми режими саҳюнистӣ дар боздошти Шайх Ҳасан Юсуф гуфт: ин узви аршади Ҳамосихадамоти зиёдӣ ба муқовимат карда ва ҳамвора омодаи фидокорӣ будааст .
Илова бар боздошти фаластиниҳо, Исроил ҳамчунон ба шаҳраксозӣ низ идома медиҳад . Метавон гуфт шаҳраксозӣ аз муҳимтарин ҷиноятҳои режими Исроил алайҳи фаластиниҳо аст, ки ба ишғоли сарзамини Фаластин ва табъид ва кӯчи иҷбории фаластиниҳо аз манозилашон мунҷар мешавад. Агарчи бозигарони тавофуқи созиш аз таваққуфи тарҳи илҳоқи Каронаи Бохтарӣ дар чорчӯби ин тавофуқ хабар доданд, аммо идомаи шаҳраксозӣ дар арозии фаластиниҳо ба манзалаи илҳоқи тадриҷии Карона Бохтарӣ аст.  
Дар ҳамин росто, Вазорати умури хориҷаи Фаластин бо интишори баёнияе  мувофиқати  Тел-Авив ва бо идомаи сохти шаҳракҳои саҳюнистнишин дар Каронаи Бохтариро маҳкум ва онро дар ростои иҷроии якҷонибаи тарҳҳои шуми муомилаи қарн ва тарҳи мавсум ба илҳоқ унвон кард . Вазорати хориҷаи Фаластин таъкид кард: иқдоми режими саҳюнистӣ дар густариши шаҳрак‌созӣ, таблиғоти гумроҳкунандаи Амрико ва Исроилро низ барои кашондани бархе кишварҳо ба доми оддисозии равобит бо ишғолгарони саҳюнист бармало кард .
Афзоиши хушунати Исроил алайҳи фаластиниҳо нишон медиҳад тавофуқи Исроил бо Иморот ва Баҳрайни асосан моҳияти сулҳталабона надорад. Гурӯҳҳои фаластинӣ пас аз тавофуқи мавсум ба Иброҳом ҳеч иқдоми амалӣ алайҳи режими Исроил анҷом надоданд, балки сирфан дар даруни худ ба чорчӯбе барои поён додан ба ихтилофҳо ва ҳамчунин таъкид бар қобилиятҳои дохилӣ барои муқобила бо таҳдидҳо тамаркуз карданд. Бо ин ҳол, посухи режими Исроил ба ин рафтор ва сиёсати дохилии фаластиниҳо, тадовуми рӯйкардҳои хашини гузашта ва «тағирнопазир » нишон додани сиёсати саркӯб аст .

Барчасп