Октябр 15, 2020 15:35 Asia/Dushanbe
  • Шикасти Арабистон дар касби узвияти Шурои ҳуқуқи башар

Арабистони саъудӣ барои узвияти муҷаддад дар Шурои ҳуқуқи башари Созмони Миллал ноком буд ва овозҳои лозимро касб накард.

Арабистони саъудӣ дар овозгирии сешанбеи гузашта (13 октябр) ҳафтоду панҷумин иҷлоси Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид танҳо 90 овоз ба даст оварду аз узвияти муҷаддад бозмонд. Узвият дар Шурои ҳуқуқи башар мусталзими касби ду сеюми овозҳои 193 узви Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид аст.

Шикасти Арабистон дар касби узвияти муҷаддад дар Шурои ҳуқуқи башар маълули корномаи сиёҳи ин кишвар дар нақзи ҳуқуқи башар дар дохилу хориҷ аз Арабистон аст .

Муҳамад бин Салмон- валиаҳди саъудӣ, ки дар солҳои ахир бо ислоҳоти намодин талош карда буд чеҳраи Арабистонро тағйир диҳад, муртакиби нақзи густардаи ҳуқуқи башар дар дохили Арабистон шуд. Дар воқеъ, ислоҳоти Бин Салмон, амиқ набуд дар ҳоле, ки нақзи ҳуқуқи башар, бунёдӣ ва асосӣ буд. Боздошти густардаи шоҳзодагони саъудӣ ба хусус шоҳзодагони рақиб назири Муҳамад бин Ноиф ҳамчунин боздошти фаъолони маданӣ ва саркуби ҷунбишҳои маданӣ тайи солҳои ахир раванди рӯ ба рушди ошкоре дошта ва ислоҳоти намодину сатҳии Бин Салмонро беасар кардааст.

Дар ҳамин росто, рӯзномаи  Гордияни Англис дар вокуниш ба шикасти Арабистон барои узвияти муҷаддад дар Шурои ҳуқуқи башар навишт: Ин натиҷа ба манзилаи зарбаи муҳлике бар пайкараи талошҳои Риёз барои беҳбуди виҷҳаи худ дар маҳофили байналмиллалӣ буд.

Арабистон дар арсаи хориҷӣ чеҳраи ба маротиб сиёҳтаре дар нақзи ҳуқуқи башар дорад. Қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори саъудии рӯзномаи Вашингтон Пости Амрико ва ҷанги ҳудуди 6 сола алайҳи Яман, ки бузургтарин фоҷеъаи ҳуқуқи башарии ҷаҳон дар даҳаҳои ахирро рақам зад, аз ҷумлаи мавориди сиёҳи корномаи ҳуқуқи башарии Оли саъуд аст.

Оли саъуд дар солҳои ахир бо ҳазинаи ҳангуфт талош кард монеъи қарор гирифтани номи Арабистон дар листи сиёҳи ҳуқуқи башарӣ шавад, аммо дар интихоботи ахири Шурои ҳуқуқи башар, пул короии лозимро барои Оли саъуд надоштааст.

Яҳё Сариъ, дабири кулли арабистонии Ҳизби Маъоризи « Ал-Таҷамму-ул- ватанӣ» бо интишори посте твиттерӣ дар вокуниш ба шикасти Арабистон барои узвият дар Шурои ҳуқуқи башари Созмони Миллал навишт: Арабистон барои ба даст овардани ин узвият номзад шуд ва фикр мекард бо пул метавонад ҳар коре анҷом диҳад, аммо дар ин овозгирӣ камтарини овози мувофиқро ба даст оврад чаро, ки корномаи сиёҳе дар хусуси ҳуқуқи башар дорд.

Ба назар мерасад илова бар корномаи сиёҳе, ки Оли саъуд дар заминаи ҳуқуқи башар дорад, набудани Амрико дар Шурои ҳуқуқи башар низ омиле барои шикасти Оли саъуд буд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар соли 2018 ва дар миёнаи узвияташ аз Шурои ҳуқуқи башар хориҷ шуд ва ин шуроро ба ҷонибдорӣ аз таҳаррукот алайҳи Исроил муттаҳам кард. Ҳузур надоштани Амрико сабаби истиқлоли овози кишварҳо ва тавваҷуҳи онҳо бар корномаи сиёҳи Оли саъуд дар ҳуқуқи башар шуд.

Нуктаи поёнӣ ин ки, шикасти Арабистон барои узвият дар Шурои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид бо истиқболи ниҳодҳои ҳуқуқи башарии мустақил ҳамроҳ шуд. Дидбони ҳуқуқи башар пас аз шикасти Арабистон билофосила аз натиҷаи овозгирӣ истиқбол кард ва дар твитте навишт : Шикасти Арабистон дар касби курсии Шурои ҳуқуқи башар пирузӣ барои қурбониёни ин низоми саркубгару ёдовари лузӯми рақобати бештар дар интихоботи Созмони Миллал аст.

 

Барчасп