Раъйи манфии намояндагони араб дар порлумони режими саҳюнистӣ ба тавофуқи Иморот бо Исроил
(last modified 2020-10-15T13:20:01+00:00 )
Октябр 15, 2020 18:20 Asia/Dushanbe
  • Раъйи манфии намояндагони араб дар порлумони режими саҳюнистӣ ба тавофуқи Иморот бо Исроил
    Раъйи манфии намояндагони араб дар порлумони режими саҳюнистӣ ба тавофуқи Иморот бо Исроил

Эътилофи намояндагони араб дар порлумони режими саҳюнистӣ эълом кард ба тавофуқномаи оддисозии равобити Исроил бо Иморот раъйи манфӣ хоҳад дод.

Ба гузориши вебгоҳи Араб 48, эътилофи намояндагони араб дар порлумони режими саҳюнистӣ ( Кнессет ) мавсум ба эътилофи " феҳристи муштарак " рӯзи панҷшанбе бо судури баёнияе тарҳи " муомилаи қарн " ва тавофуқи оддисозии равобити Исроил бо Иморотро мардуд донист .
Ин эътилоф  иқдомоти кобинаи " Бенямин Натаняҳу" нахуствазири режими саҳюнистӣ дар иҷрои  муомилаи қарн ва оддисозии равобит бо бархе аз кишварҳои арабиро фоҷеъабор тавсиф кард .
Вазирони  умури хориҷаи Иморот ва Баҳрайн 15 сентябр дар тазод бо ормони мардуми Фаластин, тавофуқи оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро дар ҳузури « Доналд Трамп » Раиси Ҷумҳӯурии Амрико дар Кохи Сафед имзо  карданд. 

Санади тавофуқи Иморот ва режими саҳюнистӣ, ки душанбеи гузашта дар кобинаи ин режим тасвиб шуд қарор аст имрӯз дар порлумони Исроил ба раъй гузошта шавад .

Барчасп