Октябр 28, 2020 16:18 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрвандони 108 кишвар иҷоза ёфтанд то дар маросими умраи имсол ширкат кунанд
    Шаҳрвандони 108 кишвар иҷоза ёфтанд то дар маросими умраи имсол ширкат кунанд

Арабистони саъудӣ ба шаҳрвандони тоҷикистонӣ иҷоза дод, ки бо вуҷуди шароити коронаӣ барои ба ҷо овардани маносики ҳаҷҷи умра ба ин кишвар сафар кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, давлати Арабистон рӯйхатти кишварҳоеро, ки шаҳрвандони онҳо ба рағми маҳдудиятҳои коронаӣ метавонанд барои маносики умраи инфиродӣ ба ин кишвар сафар кунанд эълом кардааст, ки дар ин рӯйхат номи Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон, Чин, Туркия, Озарбойҷон ва Беларус ба чашм мехурад.

Бар асоси ин рӯйхат Эрон, Миср, Қатар, Италия ва Қирғизистон низ ба таври муваққат аз сафар ба умра манъ шудаанд.

Ҳамчунин сафари шаҳрвандони кишварҳои Кувейт, Русия, Англия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин кишвар мамнуъ шудааст.

Давлати Риёз пазириши шаҳрвандони хориҷӣ аз 108 кишварро, ки мойил ба анҷоми ҳаҷҷи умра ҳастанд аз аввали ноябр оғоз мекунад.

Пеш аз ин, Риёз эълом карда буд, ки барои кишварҳое, ки дар он шиддати шуюъи вируси корона коҳиш ёфтааст, ҳаҷҷи умраро баргузор хоҳад кард.

Бештар бихонед:

Барчасп