Октябр 13, 2016 13:40 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Русия бар ҳаққи таъйини сарнавишти мардуми Сурия

Раисҷумҳури Русия гуфт, тасмимгирӣ дар мавриди сарнавишти раисҷумҳури Сурия ба уҳдаи мардуми ин кишвар аст.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии  TF-1-и Фронса эълом кард, суриҳо худ бояд дар бораи рафтан ё мондани Башор Асад, раисҷумҳури Сурия тасмим бигиранд ва агар ба идома ҳукумати ӯ раъй надоданд, давлат аз роҳи демократӣ тағйир мекунад. Путин дар ин замина гуфтааст, Маскав мувофиқати Башор Асадро барои ҳаракат дар масири таҳияи Қонуни Асосии ҷадид гирифтааст, то бар асоси он, интихобот баргузор шавад, аммо тавофуқи ҳеҷ каси дигарро наметавон дар ин маврид ҷалб кард. Раисҷумҳури Русия афзуд, бо таваҷҷуҳ ба ҳуқуқи миллати Сурия дар бораи сарнавишти ҳукумати ин кишвар набояд иқдоми низомӣ анҷом дод ва ҳар коре бояд зери назар ва контроли Созмони Милали Муттаҳид сурат гирад. Путин тасреҳ кард, бо вуҷуди тамоми мушкилот дар ин замина Маскав умеди худро аз даст намедиҳад ва талош мекунад, мувофиқати тамоми шарикони худро барои иқдом дар бораи ҳалли сиёсии буҳрони Сурия (аз тариқи демократӣ) ҷалб кунад.

Сурия аз моҳи марти соли 2011 ба ин сӯ бо буҳрони вуруди террористҳои хориҷӣ ва ҳимояти молию таслиҳотии онон тавассути бархе кишварҳои минтақа мувоҷеҳ аст.