Бин Салмон ба додгоҳе дар Амрико эҳзор шуд
(last modified 2020-10-30T15:20:41+00:00 )
Октябр 30, 2020 20:20 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳе дар Вашингтон барои Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон эҳзория фиристодааст
    Додгоҳе дар Вашингтон барои Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон эҳзория фиристодааст

Додгоҳе дар Амрико, валиаҳди Арабистонро дар робита бо парвандаи шикояти раиси пешини дастгоҳи иттилооти саудӣ эҳзор кард.

Ба гузориши шабакаи Си Эн Эн, додгоҳе дар Амрико Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистонро дар робита бо парвандаи шикояти Саъд Алҷабри, раиси пешини дастгоҳи иттилооти саудӣ, ки ба Канада гурехтааст, эҳзор кард.

Саъд Алҷабри кист ва чаро Бин Салмон ба дунболи ӯ аст?

Додгоҳи Вашингтон аз валиаҳди Арабистон хоста то рӯзи 7 декабр ба иттиҳомоте, ки дар бораи парвандаи Саъд Алҷабри мутаваҷҷеҳи ӯ аст, посух диҳад.

Саъд Алҷабри, раиси пешини дастгоҳи иттилооти саудӣ якуми август бо ҳузур дар додгоҳе дар шаҳри Вашингтон аз валиаҳди саудӣ ба иттиҳоми талош барои террораш дар соли 2018 шикоят кард.

Дар шикояти Алҷабри омада буд, ки валиаҳди саудӣ дар соли 2018 тими террореро барои куштан ва қитъа -қитъа карданаш, яъне ба ҳамон шевае, ки Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ террор шуд, ба Амрикову сипас Канада эъзом кардааст.

Хошуқҷи октябри 2018 дар консулгарии Арабистон дар Истанбул ба тарзи фаҷеъе ба дасти маъмурони эъзомшуда аз Риёз ба қатл расид.

 


 

Бештар бихонед:

 


 

Барчасп