Саргардонии саркардаи нави ДИИШ дар марзи Ироқ ва Сурия
(last modified Mon, 16 Nov 2020 13:55:40 GMT )
Ноябр 16, 2020 18:55 Asia/Dushanbe
  • Алқурайши қодир нест мустақиман аносури ДИИШ -ро фармондеҳӣ кунад
    Алқурайши қодир нест мустақиман аносури ДИИШ -ро фармондеҳӣ кунад

Раиси Хадамоти мубориза бо терроризми Ироқ аз дастёбӣ ба иттилоотии нав дар бораи саркардаи ҷадиди ДИИШ ва расади таҳаррукоти вай хабар дод.

Ба гузориши рӯзномаи “Алараби-ал-ҷадид”, Абдулваҳҳоб Ассоиди, раиси Хадамоти мубориза бо терроризми Ироқ рӯзи душанбе эълом кард: “Абуиброҳим Алқурайши, саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ дигар қодир нест мустақиман афроди ДИИШ - ро фармондеҳӣ кунад.

Раиси Хадамоти мубориза бо терроризми Ироқ афзуд, Алқурайши дигар барои аносури ДИИШ аҳамияти зиёде надорад ва ба ҳамин далел ба сурати фардӣ ва махфиёна дар ҳоли ҷобаҷо шудан аст.

Ба гуфтаи ин фармондеҳи ироқӣ, Алқурайши доим дар ҳоли ҷобаҷо шудан дар марзҳои Ироқу Сурия аст ва ин таҳаррукот бештар дар манотиқи марзӣ мушоҳида мешавад.

Абубакр Албағдодӣ, раҳбари ДИИШ дар амалиёти низомӣ дар октябри соли 2019 дар шимоли ғарби Сурия кушта шуд ва ДИИШ соли гузашта Абуиброҳим Алқурайширо ба унвони ҷонишини Албағдодӣ муаррифӣ кард.

 

Бештар бихонед: