Ноябр 17, 2020 20:42 Asia/Dushanbe
  • 21 террорист дар зиндони Носирияи Ироқ эъдом шуданд
    21 террорист дар зиндони Носирияи Ироқ эъдом шуданд

Ҳукми эъдоми 21 террорист пас аз имзои раиси ҷумҳурии ин кишвар иҷро шуд.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи Шафақ Нюс, иҷрои ҳукми эъдоми 21 террорист бар асоси моддаи чаҳоруми қонуни мубориза бо тероризми Ироқ дар зиндони Алҳут ва зиндони марказии Анносирия сурат гирифтааст.

Аз соли 2018 то кунун нахустин бор аст, ки ҳукми эъдоми террористҳо пас аз имзои ниҳоии Барҳам Солеҳ, раиси ҷумҳурии Ироқ иҷро мешавад.

 

Пас аз пирӯзии Ироқ бар ДИИШ дар соли 2017 додгоҳҳои ин кишвар садҳо ҳукми эъдоми зиди террористҳо содир карданд, ки иҷрои ин аҳком ба имзои ниҳоии раиси ҷумҳурии Ироқ ниёз дорад.

Дар зиндонҳои Ироқ беш аз 18 ҳазор террорист зиндонӣ ҳастанд ва то кунун чанд тарҳи фирорӣ додани аносури террористӣ, ба вижа аносури ДИИШ аз зиндони Алҳут бо ҳушёрии мақомоти ироқӣ ноком мондааст .

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп