Ноябр 20, 2020 20:21 Asia/Dushanbe
  • Алқурайши зиндонии амрикоиҳо дар Ироқ будааст
    Алқурайши зиндонии амрикоиҳо дар Ироқ будааст

Интишори бархе асноди маҳрамона баёнгари он аст, ки саркардаи ҷадиди ДИИШ қаблан бо Хадамоти иттилоотии Амрико ҳамкорӣ доштааст.

Ба гузориши “Спутник”, интишори бархе аз асноди маҳрамона нишон медиҳад, ки Абуиброҳим Алқурайши, саркардаи ҷадиди террористҳои ДИИШ ва ҷонишини Абубакр Албағдодӣ, қаблан бо иттилооти Амрико кор мекардааст.

Бар асоси ин гузориш, амрикоиҳо ҳангоми бозҷӯии Алқурайши дар соли 2008 иттилооти маҳрамонаеро дар мавриди аъзои ин гурӯҳ аз ӯ дарёфт кардаанд.

Дар он замон саркардаи кунунии ДИИШ дар зиндони Буко (зиндонии таҳти кантроли Амрико) дар Ироқ буд.

Ҳастаи аслии ДИИШ дар ин зиндон шакл гирифт.

Бар асоси асноди тоза мунташиршуда, нерӯҳои амрикоӣ дар зиндони Буко аносури террористии ДИИШ -ро тарбият кардаву парвариш додаанд.

Ин аснод ҳамчунин нишон медиҳад, ки чӣ гуна ДИИШ тавонистааст пас аз афзоиши нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ, дар солҳои 2007 ва 2008 худро тақвият кунад.

 

ДИИШ соли 2019 Алқурайширо ба унвони ҷонишини Абубакр Албағдодӣ муаррифӣ кард.

Албағдодӣ - саркардаи гурӯҳаки террористии ДИИШ соли 2019 дар шимоли ғарби Сурия кушта шуд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп