Декабр 02, 2020 16:28 Asia/Dushanbe
  • Як сокини саҳюнист бо як автобус ба як коргари фаластинӣ ҳамла кард ва як нафарро кушт
    Як сокини саҳюнист бо як автобус ба як коргари фаластинӣ ҳамла кард ва як нафарро кушт

Як сокини саҳюнистӣ бо автобуси худ чандин коргари фаластиниро дар Каронаи Бохтарӣ зер гирифт, ки бар асари он як фаластинӣ ба шаҳодат расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Русия Ал-явм, даҳҳо коргари фаластинӣ имрӯз чаҳоршанбе дар наздикии посгоҳи бозрасии шимолии шаҳри Байтул Лаҳм дар Карона Бохтарӣ руди Урдун ҷамъ шуда буданд то ба маҳалли кори худ бираванд, ки як автобуси Исроил онҳоро зергирифт.
 
 Дар ин иқдоми ғайриинсонӣ дасти кам як фаластинӣ шаҳид шуда ва 15 тани дигар низ маҷрӯҳ шуданд.
 

То ҳол муҳоҷирони саҳюнист дидаву дониста даҳҳо шаҳрванди Фаластинро дар роҳҳои соҳили ғарбии Урдун таъқиб кардаанд, ки аксари онҳо фавтидаанд.

Тибқи оморҳо, тақрибан 670 ҳазор шаҳракнишини саҳюнист дар Каронаи Бохтарӣ ва Қудси шариф сокин ҳастанд, ки амалиётҳои харобкоронаи зидди фаластиниён ва ёамлок ва дороиҳои онҳо дар ин минтақа анҷом медиҳанд.
 
 
Бештар бихонед:

Барчасп