Шеваи ҷадиди Амрико барои сирқати нафти Сурия
Манобеи Сурия эълом карданд, ишғолгарони амрикоӣ ин бор барои сирқати нафти Сурия дар минтақаи "Алҷазира" иқдом ба тавсеаи хатти лӯлаҳои убурӣ аз дарёи Даҷла ба сӯи заминҳои Ироқ кардаанд.
Хабаргузории расмии Сурия (SANA) рӯзи якшанбе хабар дод, ки нерӯҳои террористии ИМА дар ҳамкорӣ бо нерӯҳои демократии курдҳои Сурия "Қасд" аввал нафтро тавассути танкер аз кони нафти Карачук дар минтақаи шимолу шарқии Рамилон ба обанборҳои нафти минтақаи "Сималка" мунтақил мекунанду ва пас аз тахлия онҳо тавассути қубурҳои воқеъ дар дарёи Даҷла ба Ироқ фиристода мешаванд.
Бар асоси ин гузориш, амрикоиҳо рӯзонаи садҳо бушкаи нафти хоми сирқатии Сурияро аз тариқи ин хутут ба сӯи арозии ироқӣ пумпож карда ва илова бар он, даҳҳо танкери ҳомили нафти хомро низ ба сурати ҳафтагӣ аз тариқи гузаргоҳҳои ғайриқонунӣ ҳамчун гузаргоҳи ғайриқонунии «Ал-Валид» ба арозии Ироқ интиқол медиҳанд.
Низомиёни Амрико ба ҳамроҳи нерӯҳои демократии сурии "Қасд" бештар маёдини нафтии Сурияро, ки дар шимолу шарқ ва шарқи ин кишвар воқеъ шудааст, дар ишғоли худ доранд .