Рӯнамоӣ аз нусхаи Қуръон бо хати Имом Алӣ (а) дар Яман + видео
(last modified 2020-12-23T13:35:05+00:00 )
Декабр 23, 2020 18:35 Asia/Dushanbe

Нахустин нусхаи хаттии Қуръони карим, ки бо хати Имом Алӣ (а) навишта шудааст, барои аввалин бор дар Яман рӯнамоӣ шуд.

Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони ҷавони Эрон, Имом Алӣ (а) замоне, ки барои даъвати мардум ба Ислом ба Яман сафар карда буданд, ин нусха аз Қуръони каримро китобат кардаву бо худ бурданд.

Ин нусхаи қуръонӣ аз бими дастёбии кишварҳое, ки дар садади ишғоли Яман буданд, пинҳон монда буд то ин ки Вазорати авқофи Яман нусхае аз онро бар асоси нусхаи аслӣ чоп карду ба намоиши умумӣ гузошт.

Дар ин филм бо Аллома Абдуллоҳ, муфтии масҷиди ҷомеи Санъо, Фуод Ноҷи, муовини вазири авқофу иршоди Яман ва Аҳмад Аддавла, муовини китобхонаи масҷиди ҷомеи Санъо мусоҳиба шудааст.

 

Бештар бихонед: 

 

Барчасп