Ҳамла ба корвони нерӯҳои вобаста ба Амрико дар ҷануби Ироқ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i60254
Расонаҳои ироқӣ, аз ҷумла ба як корвони низомии нерӯҳои вобаста ба Амрико дар остони "Бобул" дар ҷануби ин кишвар хабар доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 27, 2020 19:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба корвони нерӯҳои вобаста ба Амрико дар ҷануби Ироқ
    Ҳамла ба корвони нерӯҳои вобаста ба Амрико дар ҷануби Ироқ

Расонаҳои ироқӣ, аз ҷумла ба як корвони низомии нерӯҳои вобаста ба Амрико дар остони "Бобул" дар ҷануби ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи «Ал-Маёдин»; шабакаи ироқии « ал-Сумрия» эълом кард, ин корвони низомии нерӯҳои вобаста ба Амрико ба далели инфиҷори як бастаи инфиҷорӣ мавриди ҳадаф қарор гирифта ва хасоратҳое ба он ворид шудааст. 

Бар асоси ин гузориш, гурӯҳи «Қосим ал-Ҷабборин» масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.

Манбаи амниятии Ироқ дар рӯзҳои гузашта низ аз чандини ҳамла ба корвонҳои низомии Амрико дар манотиқе аз «Зи қор », «ад-Дивония» ва «Бобул » хабар доданд.

Мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хурӯҷи нерӯҳои террористии амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд;  порлумони ин кишвар низ дар 5 январ тарҳеро дар бораи хурӯҷи ин нерӯҳо ба тасвиб расонд.