Фаъоли сиёсии ироқӣ аз нақши як ширкати Анлия дар террори сардор Сулаймонӣ парда бардошт
(last modified 2020-12-29T05:58:25+00:00 )
Декабр 29, 2020 10:58 Asia/Dushanbe
  • Ширкати англисии \
    Ширкати англисии \"Ҷи.Фур.Эс\" дар террори сардор Сулаймонӣ ва Ал-Муҳандис нақш дошт

Дабиркулли Асоиби Аҳлулҳаққи Ироқ аз нақши як ширкати англисии фаъол дар фурудгоҳи Бағдод дар террори сардорони шаҳид генерал "Қосим Сулаймонӣ" ва "Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис" хабар дод.

Ба гузориши рӯзи душанбеи хабаргузории Форс, «Қайси ал-Хазалӣ» афзуд : ширкати англисии «Ҷи. Фур. Эс» масъули амнияти фурудгоҳи Бағдод дар террори сардори Сулаймонӣ ва Абӯмаҳдии Муҳандис нақш дошт.


 
Дабиркулли Ҷунбиши Асоиб Аҳлулҳаққи Ироқ афзуд: ин ширкати англисӣ, ки дар ҳавзаи масоили амниятӣ бо фурудгоҳи Бағдод қарордод дорад, дар бахше аз маъмурият дар таъйиди ҳадафи ( сардор Сулаймонӣ ва Ал-Муҳандис ) барои иҷрои амалиёти террор ширкат доштааст.

Сарпарасти маркази расонаии шӯроии олии қазоии Ироқ "Ҳайдар Алии Нурӣ" низ эълом кард: дастгоҳи қазоии ин кишвар таҳқиқот дар бораи ин ҳодисаро ба комилтарин шакли он тай кардааст.

Сардори сипаҳбуд «Қосим Сулаймонӣ », ки сеюми январ ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд , ба ҳамроҳи «Абумаҳдӣ Ал-Муҳанди» ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расид.

 

Бештар бихонед:

Барчасп