Давлати наҷоти миллии Яман: Таҳрими Ансоруллоҳ, яъне Амрико ба дунболи сулҳ дар Яман нест
(last modified 2021-01-21T17:19:07+00:00 )
Январ 21, 2021 22:19 Asia/Dushanbe
  • Давлати наҷоти миллии Яман: Таҳрими  Ансоруллоҳ, яъне Амрико ба дунболи сулҳ дар Яман нест

Яке аз муовинони нахуствазири давлати наҷоти миллии Яман бо ишора ба мухолифати 190 созмони байналмиллалӣ бо таҳрими Ансоуллоҳ гуфт:Танҳо мувофиқони ин иқдоми Вашингтон , режими саҳюнистӣ , Арабистони саъудӣ , Аморот ва оли Халифа дар Баҳрайн ҳастанд.

 Ҳусейн Мақбулӣ-муовини нахуствазири давлати наҷоти миллӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи Алмасира афзуд:Тасмими Амрико мабнӣ бар террористӣ хондани ҷумбиши  Ансоруллоҳи Яман як паём барои ҷаҳониён дошт ва он ин аст, ки Амрико ба дунболи сулҳ дар Яман нест.

 Вай тасреҳ кард,ки ин тасмими Амрико бар ранҷи мардуми Яман , ҳатто онҳоеро ки дар манотиқи таҳти ишғоли эътилофи Саъӯдӣ-Аморотӣ ба сар мебаранд , хоҳад афзуд.

 Маҳмуд Алҷнайд дигар муовини нахуствазири давлати наҷоти миллӣ низ гуфт : Трамп ва давлати он , ин тасмимро барои эҷоди халал дар раванди сулҳ дар Яман гирифтаанд.Ин амр баёнгари он аст, ки Амрико ба дунболи эҷоди ҳарҷу мараҷ ва ошубу хунрезӣ дар Яман аст.

Муҳаммад Алдайламӣ-вазири додгустарии Яман ҳам гуфт:Ин тасмими давлати Амрико талош барои ба ҳам рехтани авзоъи сиёсии Яман аст.

 Вазорати хазонадории Амрико сешанбеи гузашта ( 19 январ) , ҷумбиши  Ансоруллоҳи Яманро ба руйхати таҳримҳои Амрико изофа кард.

 Дар баёнияи вазорати хазонадории Амрико ҳамчунин се тан аз раҳбарони ҷумбиши муқовимати  Ансоруллоҳ,Абдуллоҳ Яҳё Алҳаким, Абдулмолик Бадруддин Алҳавсӣ,Абдулхолиқ Алҳавсӣ таҳти унвони « террорист » таҳти таҳрим қарор гирифтанд.

 Иқдоми Амрико дар ҳоле аст, ки Арабистони саъудӣ аз 26 марти 2015 то кунун ба ҳамалоту муҳосираи ҳамаҷониба алайҳи Яман идома медиҳад .

 

Барчасп