Феврал 07, 2021 11:15 Asia/Dushanbe
  • Нишасти изтирории режими саҳюнистӣ дар бораи тасмими додгоҳи ҷазоии Гаага

Ҳайати расонаии режими саҳюнистӣ аз баргузории ҷаласаи изтирории кабинаи ин режим дар бораи тасмими додгоҳи ҷазоии байналмиллалии Гаага хабар дод .

 Ба гузориши шабакаи ибрии Кон, ҳайати расонаии режими саҳюнистӣ эълом кард :Кабинаи амниятӣ ва сиёсии режими саҳюнистӣ имрӯз якшанбе бо баргузории ин ҷаласа тасмими додситонҳои додгоҳи додгоҳи ҷазоии байналмиллалии Гаага дар бораи анҷоми таҳқиқот дар мавриди ҷиноёти ҷангии ин режим алайҳи фаластиниҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Бинямин Натаняҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ рӯзи шанбе тасмими додгоҳи Гаагаро яҳудситезӣ донист ва муддаӣ шуд,ки ин додгоҳ як ниҳоди сиёсӣ аст на қазоӣ.

 Қозиёни додгоҳи ҷазоии байналмиллалии Гаага ҷумъашаб раъй ба салоҳияти қазоии ин додгоҳ ҷиҳати расидагӣ ба ҷиноятҳои рухдода дар сарзаминҳои ишғолии фаластинии соли 1967 доданд.

 Мутобиқи раъйи ин додгоҳ сарзаминҳои ишғолии фаластинии соли 1967 шомили Каронаи бохтарӣ, аз ҷумла Қудси шарқӣ ва навори Ғазза мешавад ва ҳар гуна шаҳраксозӣ ё фаъолият аз сӯи режими саҳюнистӣ дар ин қаламрав ғайриқонунӣ аст.

 

 Бештар бихонед :

 

 

Барчасп