Феврал 13, 2021 12:54 Asia/Dushanbe
  • Моҳи оянда ҷанги Ямани вориди ҳафтумин соли худ мешавад
    Моҳи оянда ҷанги Ямани вориди ҳафтумин соли худ мешавад

Ба назар мерасад ҷанги эътилофи саъудӣ алайҳи Яман вориди марҳилаи тозае шудааст.

  Эътилофи саъудӣ 26 марти 2015 ҷанг алайҳи Яманро оғоз кард. Иллати аслии ин ҷанг норизоятии Оли Саъуд аз раванди тақвияти мавқеъияти  Ансоруллоҳ дар сохтори қудрати Яман буд. Дар воқеъ Ансоруллоҳ бо ҳимоят аз хостаҳои мардуми Яман дар паи эҷоди демокросии воқеӣ дар ин кишвар буд, аммо зоту ҳувияти ҳукумати саъудӣ бо демокросиву эҷоди ҳукумати мардумӣ дар тазод аст. Бар ин асос ҷанги ғайриқонунӣ алайҳи Яман бо ҳадафи канор гузоштан ва ба ҳошия рондани  Ансоруллоҳ аз Яман оғоз шуд. Моҳи оянда ин ҷанг вориди ҳафтумин соли худ мешавад.

  Дар остонаи поёни шашумин соли ин ҷанг, раванди таҳаввулот ба гунае аст, ки ба назар мерасад ҷанг вориди марҳалаи тозае шудааст. Тақобули Арабистон ва давлати наҷоти миллии Яман ҳамчунон идома дорад. Генерал Яҳё Сареъ-сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард:Падофанди ҳавоии ин кишвар як паҳподи CH4-и сохти Чин ва мутаъаллиқ ба эътилофи мутаҷовизро сарнагун кардааст. Ин паҳпод дар ҳоли анҷоми иқдомоти хасмона дар ҳарими ҳавоии Яман дар вилояти Маъриб буда, ки бо мушаки замин ба ҳаво ҳадаф қарор гирифта ва сарнагун шудааст.Ин дар ҳоле аст, ки эътилофи саъудӣ танҳо дар ду рӯзи гузашта шаҳристони Саровиҳ дар устони Маъарибро, ки шоҳиди пешравиҳои нерӯҳои артиши давлати наҷоти миллӣ аст, 25 бор бомбаборон кардааст .

  Дар ҳамин ҳол артиш ва кумитаҳои мардумии Яман низ ба ҳамлаҳои худ алайҳи Арабистони саъудӣ идома медиҳад.

  Яҳё Сареъ панҷшанбешаб дар ҳисоби твиттери худ бо таъиди ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи ҳавоии « Малик Холид » Арабистони саъудӣ навишт : « Қисми мушакӣ як мушаки балластикиро,ки ҳануз аз он рӯнамоӣ нашудааст ба самти «Хамис Машит» шиллик кард ва пойгоҳи ҳавоии « Малик Холид» ҳадаф қарор гирифт.Мушак ба диққат ба ин ҳадаф бархурд кардааст».

  Яҳё Сареъ дар бораи иллати амалиёти мушакии неруҳои Яман гуфт: Ҳадаф қарор додани ин пойгоҳ дар посух ба идомаи ташдиди ҳамалоти ҳавоӣ ва заминии мутаҷовизон ва идомаи муҳосираи кишварамон Яман будааст.

  Агарчи ин рухдодҳо дар 6 соли ҷанг борҳо такрор шуд, аммо акнун аҳдофи хосе пушти ин вазъият қарор дорад. Давлати Амрико ба раёсати Ҷо Байден хостори таваққуфи ҷанг алайҳи Яман шуда ва ҳимоят аз эътилофи саъудиро низ мутаваққиф кардааст. Давлати Саъудӣ бо идомаи ҳамлаҳо дар паи он аст,то ин паёмро мунтақил кунад, ки дар мавзеи шикаст қарор надорад. Аз сӯи дигар артиш ва кумитаҳои мардумии Яман низ бо идомаи ҳамлаҳои худ ба Оли Саъуд ҳушдор медиҳад, ки идомаи ҷанг ба нафъи Риёз нахоҳад буд ва беҳтараст аз ҳар гуна пешниҳоде барои таваққуфи ҷанг истиқбол кунад.

Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки тасмимҳои давлати Байден барои поён додан ба ҷанг алайҳи Яман бархоста аз отифаҳои инсонӣ нест, балки беш аз ҳама вобаста ба ин аст, ки ин ҷанг то кунун дастоварде надошта ва идомаи он сирфан вайронии бештари зерсохтҳои Яманро дар пай хоҳад дошт ва бар вазни шикасти Амрико дар ин ҷанг низ мекоҳад. Амрико ҳомии эътилофи саъудӣ дар ин ҷанг буд.Аз сӯе Байден  дар паи он аст аз ҷанги Яман ба унвони фурсате барои беҳбуди обрӯи Амрико дар ҷаҳон баҳра гирад ва бо поён додани эҳтимолӣ ба ҷанг ба    ин ҳадаф даст пайдо кунад. Албатта бояд мунтазир монд ва дид, ки оё Ҷо Байден ва  давлати вай метавонанд сиёсати эъломиро ба сиёсати аъмолӣ табдил кунанд ва аз ҳарф ба амал бирасанд ё хайр?

 

  Бештар бихонед: 

 

Барчасп