Феврал 25, 2021 18:48 Asia/Dushanbe
  • Бабри бағдодӣ масъули бомбагузории гурӯҳи террористии ДИИШ  буд
    Бабри бағдодӣ масъули бомбагузории гурӯҳи террористии ДИИШ буд

Манобеи ироқӣ аз боздошти саркардаи ДИИШ, мавсӯм ба “бабри Бағдод” дар ғарби пойтахти ин кишвар хабар доданд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Ассумрия,созмони иттилооти Ироқ эълом кард масъӯли бомбагузории гурӯҳи террористии ДИИШ, маъруф ба Нимир Бағдод ( бабри Бағдод )-ро дар як амалиёти ғофилгирона дар минтақаи Абӯғурайб дар ғарби Бағдод дастгир кардааст .

 Дар ин баёнияи Созмони иттилооти Ироқ омадааст, ки ин террорист набераи  Аҳмад Абдулло Суед, яке аз саркардаҳои ДИИШ ва масъӯли бомбгузорӣ дар минтақае аст, ки ДИИШ онро " вилояти ҷанӯб " мехондаст .

 Панҷ рӯз қабл низ нерӯҳои артиши Ироқ волии худхонда ва муфтии гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Алтормия дар устони Салоҳуддинро боздошт карданд.

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп