Март 08, 2021 15:23 Asia/Dushanbe
  • Яманиҳо бо 14 мушак ва 8 ҳавопаймои бесарнишин бандари Рас-Танвараи Арабистони Саудиро ҳадаф қарор доданд
    Яманиҳо бо 14 мушак ва 8 ҳавопаймои бесарнишин бандари Рас-Танвараи Арабистони Саудиро ҳадаф қарор доданд

Артиши Яман амалиёти густардаи мушакӣ ва дрониро алайҳи ҳадафҳо дар Арабистони Саудӣ эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,  сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман Яҳё Сариъ шомгоҳи якшанбе дар нишасти хабарии худ гуфт: "Воҳиди мушакӣ ва бесарнишини артиши Яман ва кумитаҳои мардумии Яман тавонистанд ба қаламрави Саудӣ ҳамлаи густурдаи муштарак кунанд."

Вай гуфт: «Ин ҳамлаи ширкати Оромко дар бандар "  Рас Танура " Rasи Tanura-ро ҳадафи 8 мушаки баллистикӣ ва 14 ҳавопаймои бесарнишини дурпарвоз ҳадаф қарор дод. "  
 

  Сухангӯии нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид кард: « Ин ҳамалот ҳаққи табиӣ ва қонунии мардуми Яман дар посух ба ҳамалоти эътилоф ва муҳосираи комили Яман аст.» 

Сариъ ба Арабистон ва кишварҳои мутаҷовиз ҳушдор дод то замоне, ки ба таҷовузгарӣ ва муҳосира алайҳи Яман идома диҳанд, бо амалиёти мушакӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп