Дархости бархе қонунгзорони амрикоӣ барои бекорсозии ”муомилаи қарн”
(last modified Sun, 14 Mar 2021 10:30:28 GMT )
Март 14, 2021 15:30 Asia/Dushanbe
  • Трамп соли 2019 аз тарҳи созиши таҳмилии мавсум ба « Муомилаи қарн » рӯнамоӣ кард
    Трамп соли 2019 аз тарҳи созиши таҳмилии мавсум ба « Муомилаи қарн » рӯнамоӣ кард

12 узви конгресси Амрико бо ирсоли номае ба вазири умури хориҷаи ин кишвар бекорсозии ”муомилаи қарн”-ро хостор шуданд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз нашрияи "Медил ист ой ", 12 қонунгзори амрикоӣ аз ҳар ду маҷлиси Конгресс ( Сенат ва Маҷлиси намояндагон ) бо ирсоли ду номаи ҷудогона барои Энтони Блинкен- вазири умури хориҷаи ин кишвар бо интиқод аз режими саҳюнистӣ аз давлати Амрико хостанд, то илова бар лағви муомилаи қарн раванди таъмини молии Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ " ( UNRWA )-ро аз сар бигирад ва барои тазмини ҳуқуқи фаластиниён талош кунад.

  Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯрии собиқи Амрико 28 январи 2019 дар ҳоле ки Бинямин Натаняҳу-нахуствазири режими саҳюнистиро дар канори худ дошт, аз тарҳи созиши таҳмилии мавсум ба « муомилаи қарн » ба суди Исроил рӯнамоӣ кард.

  Ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ,вогузории 30 дарсад аз Каронаи бохтарии руди Урдун ба Исроил, мухолифат бо бозгашти оворагони фаластинӣ ба кишварашон ва халъи силоҳи комили фаластиниҳо аз муҳимтарин бандҳои тарҳи амрикоӣ - саҳюнистӣ муомила қарн аст.

   Дар номаи аъзои Маҷлиси намояндагони Амрико омадааст : Мо бисёр хушҳолем, ки давлати Байден бо пайваст кардани бархе манотиқ ба Исроил мухолифаст, аммо истеъмори мудовими Исроил дар Каронаи бохтарии Фаластин аз ҷумла дар шарқи Қудс ба ҳамроҳи тахриби хонаҳои фаластиниён, навъе илҳоқи мудовим ва воқеӣ аст, ки бояд бо мухолифати ошкори Амрико рӯбарӯ шавад .

 

   Бештар бихонед :