Март 27, 2021 13:01 Asia/Dushanbe

Ҳазорон нафар яманӣ ба муносибати "Рӯзи муқовимати миллӣ" дар шаҳри шимолии Саъда намоиш барпо карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон пресс, мардуми Яман рӯзи ҷумъа ба муносибати Рӯзи миллии муқовимат дар баробари таҷовуз ва муҳосираи кишварашон аз сӯи Эътилофи саъудӣ дар шаҳри Саъда ба шакли густардае тазоҳурот карданд. 

Яманиҳои ширкаткунанда дар ин тазоҳурот бо сар додани шиорҳоии идомаи муҳосира ва ҷиноёти эътилофи саъудиро, ки вориди ҳафтумин соли худ шудааст, маҳкум карданд. 

"Саид Абдулмалик Ал-Ҳавсӣ" раҳбари  Ансоруллоҳи Яман низ ба муносибати рӯзи миллии муқовимати Яман гуфтааст, ки муқобила бо мутаҷовизон, вазифаи динӣ, имонӣ ва ахлоқии нерӯи муқовимат аст ва яманиҳо барои муқобила бо мутаҷовизон ниёзе ба иҷозаи Шӯрои амният, СММ, Иттиҳодияи ибрӣ ( араб ) ва кишварҳои аврупоӣ ва ҳеч каси дигаре дар дунё надоранд. 

Ал-Ҳавсӣ изофа кард: Касоне моро ҳадаф қарор доданд ва ҳазорон тан аз моро куштанд ва мо мунтазири касби иҷоза намемонем, ки ба вазифаи муқаддаси худ барои дифо аз хештан амал кунем. 

Арабистон ‌ бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп