Март 27, 2021 19:57 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии ҷамъияти Вифоқ аз густариши корона дар зиндонҳои режими оли Халифа  

Ҷамъияти исломии Вифоқи миллии Баҳрайн масъулияти комили оғози густариши корона дар зиндонҳо ва миёни зиндониёни сиёсиро ба ӯҳдаи режими оли Халифа донист.

Баъд аз эътирофи ду рӯзи пеши Вазорати дохилии Баҳрайн ба ибтилои се зиндонӣ ба вируси корона дар зиндони марказии «Ҷав»-и Баҳрайн ҷамъияти Вифоқ занги хатарро ба садо даровард ва бар лузуми озодии фаврӣ ва номашрути ҳамаи зиндониёни сиёсӣ дар Баҳрайн қабл аз дер шудан ва вуқӯи як фоҷеа таъкид кард.

Ҷамъияти Вифоқ эълом кард, зиндонҳои Баҳрайн пур аз зиндониёне аст, ки ба сабаби набуди озодии баён маҳкум шудаанд ва бо онҳо монанди гаравгон рафтор мешавад то ба онҳо ва мардуми Баҳрайн барои худдорӣ аз идомаи хостаҳои худ, ки ҳамон демократия, адолат, мусовот ва озодиҳои умумӣ аст, эъмоли фишор кунанд.

Пойгоҳи “Мирратулбаҳрайн” низ навишт, бар асоси оморҳои расмӣ шуморе аз зиндониёни сиёсӣ дар зиндонҳои режими оли Халифа мубтало ба корона ҳастанд, аммо вазорати дохилӣ то кунун фақат ба ибтилои се нафар эътироф кардааст.

Бар асоси ин гузориш, хонаводаи зиндониёни баҳрайнӣ дастикам даҳ маврид ибтилоро дар пойгоҳи вазорати беҳдошт сабт кардаанд ва хабарҳо ҳокӣ аз афзоиши чандбаробарии ин теъдод аст, аммо масъулони зиндон бо пинҳонкорӣ аз посух додан ба хонаводаи зиндониён худдорӣ мекунанд.

Боқир Дарвеш, раиси Анҷумани ҳуқуқи башар дар бораи густариши корона дар зиндони марказии Ҷави Баҳрайн гуфт: Собиқаи мудирияти зиндон дар маҳрум кардани зиндониён аз дармон комилан қобили мушоҳида аст ва касоне, ки зиндониёнро баъд аз кашидани нохунҳояшон ба имзои эътирофот водор мекунанд, дар сурати ибтилои онҳо ба корона низ ҳеч иқдоме анҷом намедиҳанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп