Март 31, 2021 17:50 Asia/Dushanbe
  • Даргирии нерӯҳои муқовимат бо низомиёни саҳюнист дар навори Ғазза 

Манобеи фаластинӣ гузориш доданд, шохаи низомии Ҷабҳаи демократӣ барои озодсозии Фаластин пас аз вуруди мошинолоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, бо онҳо даргир шудаанд.

Манобеи фаластинӣ имрӯз - чаҳоршанбе эълом карданд, Катоиб-ул-Муқовимат-ул-Ватания, шохаи низомии Ҷабҳаи демократӣ барои озодсозии Фаластин бо низомиёни режими саҳюнистӣ дар шарқи Дайрулбалҳ, дар навори Ғазза даргир шудааст.

Катоиб-ул-Муқовимат-ул-Ватания дар баёнияе эълом кард, нерӯҳои муқовимат бо низомиёни режими саҳюнистӣ ва мошинолоти онҳо, ки 60 метр вориди бахши шарқии Дайрулбалҳ шуда буданд, даргир шуданд, ки дар натиҷаи ин даргирӣ низомиёни саҳюнист ба самти ҳисори марзии ҳоил ақибнишинӣ карданд.

Шохаи низомии Ҷабҳаи демократӣ таъкид кард, ин амалиёт дар ростои истодагӣ дар баробари таҷовузи ишғолгарон ва дифоъ аз мардуми Фаластин сурат гирифтааст.

Катоиб-ул-Муқовимат-ул-Ватания афзуд: Ба ишғолгарон иҷоза нахоҳад дод бар таҷовузҳову коршиканиҳои идомадори худ, ба вижа вуруди мошинолоти ин режим ба дохили навори Ғазза, ҳадаф қарор додани кишоварзон ва моҳигирон исрор биварзанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп