Қозии додгоҳи Саддом бар асари ибтило ба корона даргузашт
Расонаҳои ироқӣ аз даргузашти Муҳаммад Ал-Арибӣ додгоҳи ҷиноёти Саддом ҳокими режими БААС бар асари ибтило ба вируси корона хабар доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ин қозии бособиқа, ки дар парвандаҳои калони марбут ба ҷиноятҳои зидди ҳизби БААС ва режими диктатории Саддом тақрибан соли 2006 хидмат мекард, шоми ҷумъа дар беморхонаи Бағдод дар синни 52-солагӣ даргузашт.
Ин қозии аршад дар яке аз додгоҳҳои расидагӣ ба ҷиноёти режими БААС-и Ироқ, бародари Саддомро ба унвони вазири кишвари ҳукумати БААС маҷбур кард то ду бор аз миллати Ироқ барои ҷиноёте, ки бародараш дар ҳаққи онҳо карда буд узрхоҳӣ кунад.
Ал- Арибӣ чанд бори муттаҳамони аслии парвандаҳои ҷиноии режими БААС ва ҳатто ду бор худ Саддомро ба далели эътирози онҳо ба раванди қазоӣ аз ҷаласаи додгоҳ ихроҷ ва ба сурати ғиёб дар бораи онҳо ҳукм содир кард.
Гуфта мешавад ин қозӣ дар ҳукумати Саддом низ дар устони девонияи Ироқ қозӣ будааст ва дар он ҷо ҳукми қатли 12 мухолифи ҳукумати БААС-ро имзо кардааст, ки баъдтар барояш мушкилот ба бор овард.
Бештар бихонед: