Ҳамлаи мушакӣ ба корвони террористҳои Амрико дар шарқи Сурия
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i65776
Манобеи маҳаллӣ дар шарқи Сурия аз ҳамла ба як корвони вобаста ба низомиёни террористи Амрико хабар доданд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 22, 2021 16:42 Asia/Dushanbe
  • корвони амрикоӣ ҳангоми гузар аз шаҳраки  Албасира  воқеъ дар Сурия ҳадафи ҳамлаҳои мушакии афроди ношинос қарор гирифт .
    корвони амрикоӣ ҳангоми гузар аз шаҳраки Албасира воқеъ дар Сурия ҳадафи ҳамлаҳои мушакии афроди ношинос қарор гирифт .

Манобеи маҳаллӣ дар шарқи Сурия аз ҳамла ба як корвони вобаста ба низомиёни террористи Амрико хабар доданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, манобеи маҳаллӣ имрӯз панҷшанбе эълом карданд як корвони амрикоӣ ҳангоми гузар аз шаҳраки « Албасира » воқеъ дар шарқи устони Дайруззур дар шарқи Сурия ҳадафи ҳамлаҳои мушакии афроди ношинос қарор гирифт .

  Бар асоси ин гузориш шуморе аз унсурҳои курд, мавсӯм ба « Нерӯҳои демократии Сурия », ки вобаста ба Амрико ҳастанд, низ ба бемористонҳои саҳроӣ мунтақил шуданд . Ин унсурҳо, ки маҳали ҳамла ба корвони низомии Амрикоро муҳосира карда буданд, дар даргирӣ бо афроди ношинос захмӣ шуданд .

  Ин дар ҳоле аст, ки унсурҳои вобаста ба Амрико  саросари ин минтақаро муҳосира карда ва иҷоза намедиҳанд касе ворид ё хориҷ шавад . Чархболҳои амрикоӣ низ дар ҳоли парвоз дар ин минтақа ҳастанд .

    Амрико бо ҳузури ғайриқонунии нерӯҳои худ дар шарқи Сурия на танҳо аз гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар ҳимоят мекунад, балки бо таҳрими Сурия қасд дорад давлати ин кишварро дар тангно қарор диҳад, то монеъи ҳамкории Димишқу муттаҳидонаш барои бозсозии Сурия шавад .

 

  Бештар бихонед :