Май 13, 2021 18:19 Asia/Dushanbe
  • саҳнаҳои Масҷидулақсо
    саҳнаҳои Масҷидулақсо

Даҳҳо ҳазор фаластинӣ бо вуҷуди маҳдудиятҳои режими саҳюнистӣ ва таҷовузоти пайдарпаи ин режим, намози иди саиди Фитрро дар Масҷидулақсо барпо карданд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Идораи авқофи исломии Қудс эълом кард: Субҳи имрӯз, панҷшанбе ҳазорон намозгузори фаластинӣ, ки аз шаҳри Қудс ва атрофи он ва ё аз Каронаи бохтарӣ ба Масҷидулақсо омада буданд, бо сар додани шиорҳои Аллоҳи Акбар  вориди саҳнаҳои Масҷидулақсо шуданд .

Ба гузориши авқофи исломии Қудс, низомиёни режими саҳюнистӣ аз вуруди садҳо нафари дигар аз фаластиниён ба Масҷидулақсо мамониат карданд ва танҳо ба афроди солхурда иҷозаи убур аз гузаргоҳҳои Каронаи бохтарӣ барои вуруд ба шаҳри Қудсро доданд .

Бар асоси ин гузориш бо вуҷуди тадбирҳои шадиди амниятӣ, фаластиниёни ҳозир дар Масҷидулақсо ба ҳамроҳи садҳо фаластинии дигар, ки дар вурудиҳои бахши қадимии Қудс ҳузур доштанд, намози иди Фитрро иқома карданд.

Намозгузорони фаластинӣ дар Масҷидулақсо фарёди ҳимоят аз сокнони Қудс,Ғазза ва ёрии муқовимату Масҷидулақсоро сар доданд ва барои аҳолии Ғазза ва муқовимати Фаластин дуъо карданд.

  Саҳнҳои Масҷидулақсо аз моҳи Рамазон шоҳиди таҷовузоти бесобиқаи нерӯҳои ишғолгари Исроил алайҳи ин масҷиди муқаддас ва фаластиниён будааст ва низомиёни саҳюнист бо истиқрори густарда дар саҳнҳои ин масҷиди муқаддас, намозгузорони фаластиниро мавриди зарбу лат қарор медоданд .

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп