Май 14, 2021 14:53 Asia/Dushanbe
  • Дар зарфи як соат 500 снаряди артиллерия ва 50 снаряди танкӣ фаластиниҳоро ҳадаф қарор дод
    Дар зарфи як соат 500 снаряди артиллерия ва 50 снаряди танкӣ фаластиниҳоро ҳадаф қарор дод

Артиши режими саҳюнистӣ муддаӣ шуд: Дар ҳамлаҳои бомдодии рӯзи ҷумъа ба Навори Ғазза 160 ҷангандаи аҳдофи мутааддиде шимоли Ғаззаро бомбаборон карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Таймс Исроил, артиши режими саҳюнистӣ эълом кард: 160 ҷангӣ дар зарфи 40 дақиқа ба 150 ҳадаф дар шимоли Навори Ғазза тақрибан 450 мушак партоб карданд.

Сухангӯии артиши режими Исроил бо баёни ин ки амалиёти шаби гузашта  бузургтарин ҳамалот дар даргириҳои чанд рӯзи ахир ба Навор Ғазза буд афзуд: Илова бар танкҳо ва тӯпхонаҳо низ шаби гузашта ҳамалоти шадидеро алайҳи Навори Ғазза анҷом доданд. 

Сухангӯи артиши ин режим бо баёни ин ки нерӯи  заминӣ ҳанӯз амалиёт алайҳи Навори Ғаззаро оғоз накарда ва феълан дар манотиқи марзӣ мустақар аст гуфт: 500 гулӯлаи тӯпхона ва 50 гулӯлаи танк дар арзи як соат, фаластиниёнро ҳадаф гирифтанд. 

Даргириҳо миёни муқовимати Фаластин ва режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе, пас аз поёни ҳамлаи муқовимат дар Тел-Авив бар зарурати поён додан ба таҷовузи режим дар Қудс ва Масҷид-ул-Ақсо, оғоз ёфт.

Вазорати беҳдошти Навори Ғазза имрӯз эълом кард, ки то ин лаҳза, шумори қурбониёни ҳамалоти ваҳшиёнаи саҳюнистҳо ба 119 шаҳид, аз ҷумла 27 кӯдак ва 11 зан расидааст. 

Ҳамчунин беш аз 600 фаластинӣ то кунун маҷрӯҳ шудаанд. 

Бо ин ҳол «Бенямин Натаняҳу» нахуствазири режими саҳюнистӣ имрӯз таҳдид кард ҳамалот ба Навори Ғаззаро то «замоне, ки лозим бошад » идома медиҳад. 

 

  Бештар бихонед:

Барчасп