Май 16, 2021 16:16 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши расонаҳои хабарӣ ба бомбаборони сохтмони хабаргузориҳо дар Ғазза
    Вокуниши расонаҳои хабарӣ ба бомбаборони сохтмони хабаргузориҳо дар Ғазза

Ниҳодҳои расонаии ҳамлаи ҷунуномези режими саҳюнистӣ ба сохтмони маҳалли истиқрори расонаҳои хориҷӣ дар Ғаззаро маҳкум карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пас аз он ки артиши режими саҳюнистӣ шанбе сохтмонеро дар Ғазза, ки дар он дафотири шабакаи телевизиюнии Қатарӣ « Алҷазира » ва дафотири расонаҳои дигар қарор доштанд бомбаборон кард, «Мустафо Савоқ» мудири шабакаи телевизиюнии Алҷазира  ин ҷинояти ҷангиро маҳкум кард ва онро талош барои сокит кардани расонаҳо ва пинҳон кардани қатли ом ва дарду ранҷи бепоёни мардум Ғазза донист.  Мудири бахши итилоърасонии Алҷазира "Оҳуқуқсиф Ҳамидӣ"  низ гуфт, ин шабака  ҳамаи тадобири лозимро барои таҳти пайгарди қарор додани Исроил ба кор мегирад ва муҳимтарин посух ба ин иқдом  идомаи пӯшиши ҷиноёти Исроил аст. 

 Раиси дафтари шабакаи ал-Маёдин "Назар Абуд" дар Созмони Милали Муттаҳид,ҷиноёти саҳюнистҳоро ношӣ аз чароғи сабзи Амрико ва Аврупо донист ва гуфт, шӯроии амният бояд ҷиноёти Исроилро мутаваққиф ва онро таҳрим кунад. 

Абуд таъкид кард, ин иқдоми режими саҳюнистӣ бе таваҷҷӯҳӣ ба ҳамаи қавонини байналмилалии инсондӯстона, ҳуқуқи башарӣ ва қавонини ҷангист. 

Фаъоли расонаӣ ва узви аршад  бузургтарин пӯиши зидди ҷанги Англис тасреҳ кард,тахриби сохтмони хабаргузориҳо дар Ғазза ба дасти режими ишғолгари Қудс, намоди ҳамла ба озодии баён ва талош барои инҳисори иттилоот дар бораи ҷиноятҳо дар Фаластини ишғолист.

Пойгоҳи хабарии ал-Наҳза Нюз дар сафҳаи корбарии худ дар Твиттер тасовирӣ аз таҷаммуъи хабарнигорон дар баробари овори дафотири хабарии тахрибшудаи худ дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба бурҷи ал-Ҷило дар Ғазза мунташир кард. 
  
  
  
  Бештар бихонед:

Барчасп