Май 20, 2021 18:45 Asia/Dushanbe
  • яке аз сухангӯёни давлати Амрико гуфт : Иёлоти Муттаҳида қатъномаи пешниҳодии Фаронса барои оташбаси Ғаззаро вето хоҳад кард .
    яке аз сухангӯёни давлати Амрико гуфт : Иёлоти Муттаҳида қатъномаи пешниҳодии Фаронса барои оташбаси Ғаззаро вето хоҳад кард .

Дар идомаи коршиканиҳои Вашингтон дар хусӯси тасвиби қатъномаи оташбас дар Ғазза, яке аз сухангӯёни давлати Амрико гуфт : Иёлоти Муттаҳида қатъномаи пешниҳодии Фаронса барои оташбаси Ғаззаро вето хоҳад кард .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин дипломати амрикоӣ муддаӣ шуд : Қатъномаи пешниҳодии Фаронса барои оташбас дар Ғазза, талош барои коҳиши танишҳо дар Қудси ишғолиро тазъиф мекунад .

Эмануел Макрон- раиси ҷумҳӯри Фаронса ва  Абдулфаттоҳ Ассисӣ-раиси ҷумҳӯри Миср, ки барои нишастҳо дар бораи Африқо ба Порис сафар карда буд, таи як конфронси видеоӣ бо Абдуллоҳи дувум-шоҳи Урдун бо қатъномаи пешниҳодии Фаронса барои оташбас дар Ғазза мувофиқат карданд .

Дар ҳоле ки ҳамаи талошҳои аъзоии Шӯрои амнияти Созмони миллал барои барқарории оташбас миёни режими саҳюнистӣ ва фаластиниҳо ба хотири коршиканиҳои Амрико бо шикаст мувоҷеҳ шудааст, намояндаи Фаронса дар Созмони миллал сешанбешаб пешнависи қатъномаи оташбасро дар миёни аъзои Шӯрои амният тақсим кард .

  Пеш аз ин Чин, Норвегия ва Тунис қатъномаҳоеро барои таваққуфи нооромиҳо дар Қудси ишғолӣ ироа карда буданд, ки бо коршикании Амрико, ки аз муттаҳидони сарсахти режими саҳюнистӣ маҳсуб мешавад, муваффақ ба тасвиби он дар Шурои амният нашуданд .

Амрико дар ҳоле ба коршиканиҳои худ дар масири барқарории оташбас дар Ғазза идома медиҳад, ки рӯзномаи амрикоии « Уолл стирити журнал ба нақл аз манобеи огоҳ гузориш кард, ки эҳтимолан аз фардо ( ҷумъа ) оташбас миёни саҳюнистҳо ва гурӯҳҳои муқовимати Фаластин барқарор хоҳад шуд .

   Даргирӣ миёни муқовимати Фаластин ва режими саҳюнистӣ аз 10 май ва пас аз поёни зарбулаҷали муқовимат ба Тел-Авив дар бораи лузӯми поёни таҷовузоти ин режим дар Қудс ва Масҷидулақсо оғоз шудааст .

    

  Бештар бихонед :

 

Барчасп