Мамониати режими саҳюнистӣ аз вурӯди хабарнигорон ба Ғазза
(last modified Thu, 20 May 2021 14:53:51 GMT )
Май 20, 2021 19:53 Asia/Dushanbe
  • Мамониат аз вурӯди хабарнигорони хориҷӣ ба Ғазза аз сӯи Исроил
    Мамониат аз вурӯди хабарнигорони хориҷӣ ба Ғазза аз сӯи Исроил

Режими саҳюнистӣ дар даҳ рӯзи гузашта ва аз оғози ҳамалоти ҳавоӣ ба Ғазза, монеъи вурӯди хабарнигорони хориҷӣ ба ин минтақа шудааст .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дафтари расонаии Ташкилоти худгардони Фаластин имрӯз панҷшанбе дар баёнияе гуфт:Режими саҳюнистӣ алорағми ин ки рӯзи сешанбе аз эҳтимоли мувофиқат бо вурӯди хабарнигорон ба Ғазза сухан гуфт, аммо ҳануз монеъи ин кор мешавад; дар ҳоле ки иқдоми ин режим  ошкоро мухолифи ҳаққи хабарнигорон барои пӯшиши воқеъаҳост .

  Дафтари расонаии Ташкилоти худгардон мамониат аз вурӯди хабарнигорон ба Ғаззаро ба иллати воҳимаи режими саҳюнистӣ аз расвоии худ дар афкори ҷаҳонӣ ва мухобираи ҷиноёте, ки алайҳи ғайринизомиёни бедифоъ анҷом дода донист ва дар идома ба интиқод аз сукӯти расонаҳои хориҷӣ аз ин иқдоми режими саҳюнистӣ пардохт .

Дар ин баёния омадааст: Хабаргузориҳои ҷаҳонӣ дар хусӯси нақзи озодии ибрози ақида ва озодии итилоърасонӣ, ки режими ишғолгар дар пеш гирифта, набояд сукут кунанд ва бояд мавзеи худро дар радди ин тасмим эълом кунанд ва дар ҳоле ки режими ишғолгар аз мухобираи ҳаҷми харобии баборомада дар Ғазза дар расонаҳои ҷаҳонӣ воҳима дорад, онҳо бояд сиёсати ишғолгарон дар ҳадаф қарор додани рӯзноманигорону хабаргузориҳоро маҳкум кунанд .

Мамониат аз вурӯди хабарнигорони хориҷӣ ба Ғазза дар ҳоле аст, ки ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ҳафтаи гузашта бурҷи « Алҷило » дар Ғаззаро, ки маҳали ҳузури расонаҳои хориҷӣ, назири хабаргузории Ассошиатед Пресси Амрико ва канали телевизиюнии Алҷазира будро бомбаборон карданд .

 

     Бештар бихонед :