Илтимоси Натаняҳу ба Ғарб барои кумак ба Исроил дар баробари гурӯҳҳои фаластинӣ +Филм
Май 22, 2021 20:10 Asia/Dushanbe
Натаняҳу дар нишаст бо мақомоти давлати Олмон, тақозои худро барои кумак ба режими саҳюнистӣ дар баробари посӯхҳои мушакии Фаластин матраҳ кард.
Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар нишаст бо вазири хориҷаи давлати Олмон, тақозои худ барои кумак ба ин режимро дар баробари посӯхҳои мушакии ҷумбиши Ҳамос ва мардуми Фаластин эълом кард.
Ӯ бо ишора ба кумакҳои молӣ ва низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ҳамос гуфт, ки мо дар ин ҷанг, бо чанд кишвар ҳамзамон меҷангем.