Мақоми саҳюнистӣ раҳбарони фаластиниро ба террор таҳдид кард
(last modified Sun, 23 May 2021 04:44:36 GMT )
Май 23, 2021 09:44 Asia/Dushanbe
  • Бенни Гантс : Яҳё Ассинвор  ва  Муҳаммад Аззайф аз аҳдофи террори Исроил ҳастанд
    Бенни Гантс : Яҳё Ассинвор ва Муҳаммад Аззайф аз аҳдофи террори Исроил ҳастанд

Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ рӯзи шанбе аз сари дармондагӣ аз шикасти режими ишғолгар дар Ғазза, раҳбарони муқовимати Фаластинро таҳдид ба террор кард ва гуфт : Яҳё Ассинвор ва Муҳаммад Аззайф аз аҳдофи террори Исроил ҳастанд.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Бенни Гантс дар гуфтугӯ бо шабакаи Кани режими саҳюнистӣ гуфт : Яҳё Ассинвор-раиси дафтари сиёсии ҷумбиши Ҳамос ва Муҳаммад Аззайф-фармондеҳи гурдонҳои Алқассом ( шохаи низомии Ҳамос ) ҳамчунон аҳдофе барои террор ҳастанд .

Вай бо таҳдиди ҳамлаи заминӣ ба Ғазза ва ишғоли ин борика гуфт : Ғазза ҷое намеравад ва мо ҳам ҷое намеравем ва агар рӯзе ниёз шавад Ғаззаро тасарруф кунем, ин корро анҷом медиҳем .

   Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ҳамчунин афзуд : Иҷоза намедиҳем шиллики ракета ба шаҳракҳо ё ирсоли баллонҳои оташзо аз навори Ғазза идома ёбад .

   Гантс ҳамчунин муддаӣ шуд Амрико ҳеч зарбуалаҷале ба режими саҳюнистӣ барои таваққуфи ҳамлаҳо ба навори Ғазза надода буд .

  Ҳамлаҳои исроилиҳо алайҳи Ғазза пас аз 11 рӯз бо пазириши оташбас аз сӯи режими саҳюнистӣ поён ёфт .

Шохаи низомии ҷумбиши Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ дар 11 рӯзи ҷанг бо истифода аз садҳо мӯшаку ракета, он ҳам аз навъи пешрафта ва тағйири тактикаи ҷангии худ ба ҳамлаҳои саҳюнистҳо посух гуфтананд. Бино бар эъломи манобеи ишғолгарон беш аз 12 ҳазор ракетаву мӯшак сарзаминҳои ишғолиро ҳадаф қарор доданд .

Ҳамин иқдом мӯҷиб шуд, ки кабинаи режими саҳюнистии пас аз 11 рӯзи нотавонӣ дар мутаваққиф кардани ҳамалоти мушакии гурӯҳҳои муқовимат дар Ғазза, панҷшанбешаб дар як нишасти 3 соъата бо оташбас мувофиқат кунад .

    

  Бештар бихонед :