Май 29, 2021 13:13 Asia/Dushanbe
  • Яманиҳо пойгоҳи ҳавоии “Малик Холид”-ро бо паҳподи бумӣ ҳадаф қарор доданд
    Яманиҳо пойгоҳи ҳавоии “Малик Холид”-ро бо паҳподи бумӣ ҳадаф қарор доданд

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз ҳамлаи паҳподии артиши ин кишвар ба пойгоҳи ҳавоии “Малик Холид”-и Арабистони Саудӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман бомдоди имрӯз, шанбе эълом кард: Нерӯҳои ямании пойгоҳи ҳавоии “Малик Холид” дар ҷануби Арабистонро бо паҳподи бумии “Қосиф k2” ҳадаф қарор доданд.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман афзуд: Ин ҳамла дар посух ба ташдиди таҷовузҳову муҳосираи Яман аз сӯйи эътилофи саудӣ сурат гирифтааст.

Ягонаҳои паҳподӣ ва мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар моҳҳои ахир борҳои фурӯдгоҳҳои Ҷизон ва Абҳо ва ҳамчунин пойгоҳи ҳавоии Малик Холидро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

Ин ду фурӯдгоҳ ва ҳамчунин пойгоҳи ҳавоии “Малик Холид” - маҳалли сӯхтгирӣ ва пуштибонии ҷангандаҳое аст, ки дар ҳамалоти эътилофи саудӣ ба Яман истифода мешавад.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

 

Бештар бихонед: