Май 31, 2021 16:44 Asia/Dushanbe
  • Қатар: Исроил охирин қудрати истеъморгарӣ ва қотили кӯдакони фаластинӣ аст

Муовини вазири хориҷаи Қатар таъкид кард, режими саҳюнистӣ охирин қудрати истиъморгари асри кунунӣ аст, ки кӯдакон ва бе гуноҳони фаластиниро мекушад.

Лулу Алхотир, муовини вазири хориҷаи Қатар ва сухангӯи Вазорати хориҷаи ин кишвар гуфт, он чӣ дар таҷовузи ахири режими саҳюнистӣ ба Ғазза рух дод, як ҳамлаи нобаробар аз сӯйи артише буд, ки силоҳи ҳастаӣ дар ихтиёр дорад.

Алхотир бо таъкид бар ин ки кӯдакони кушташуда дар ин ҷанг ҷузви ҲАМОС набуданд, афзуд: Мушкили Исроил ҲАМОС нест, балки дар асл идомаи мубориза бо мардуми Фаластин дар тӯли 73 соли гузашта аст, ки бояд бо ҳалли фарогири решаи мушкилот, ҳамалоти мутаҷовизонаи саҳюнистҳо ба шаҳрвандони бегуноҳи фаластинӣ поён ёбад.

Режими саҳюнистӣ дар рӯзи 10 май ҷангеро алайҳи фаластиниён дар Каронаи бохтарӣ ва Ғазза оғоз кард. Бинобар охирин гузориши Вазорати беҳдошти Фаластин, тайи ҳамалоти 12 рӯзаи Исроил теъдоди шуҳадои навори Ғазза ба 253 тан расиданд, ки 66 тан аз онҳо кӯдак будаанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп