Июн 19, 2021 12:41 Asia/Dushanbe
  • Ҷангҷӯёни саҳюнист  бо гази ашковар ва тирҳои филизӣ ба саркӯби фаластиниҳо пардохтанд
    Ҷангҷӯёни саҳюнист бо гази ашковар ва тирҳои филизӣ ба саркӯби фаластиниҳо пардохтанд

Ҳилоли Аҳмари Фаластин шаби ҷумъа аз захмӣ шудани дастикам 386 фаластинӣ дар юриши низомиёни саҳюнист ба тазоҳуркунандагони фаластинӣ дар ду шаҳри Бита ва Байт Дежани Наблуси Каронаи Бохтарии рӯди Урдун хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории садова симо, Ҳилоли аҳмари Фаластин эълом кард, низомиёни саҳюнист бо шиллики гази ашковар ва гулӯлаҳои фулузӣ ба саркӯби фаластиниҳо пардохтаанд.

Шаҳракҳои "Бито " ва "Байт Дежан  " Bayt  Dajan дар Наблус дар Каронаи Бохтарии руди Урдун  рӯзи ҷумъа  шоҳиди тазоҳуроти фаластиниҳо алайҳи иҳонати саҳюнистҳо ба Паёмбари гиромии ислом ( с ) дар ҷараёни баргузорӣ «роҳпаймоии парчам», тавассути низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист буд.

Ҳамчунин низомиёни режими саҳюнистӣ зуҳри ҷумъа бо ҳамла ба намозгузорони фаластинӣ дар Масҷид-ул Ақсо даҳҳо фаластиниро захмӣ ва боздошт карданд.

Масҷид-ул-Ақсо ба ҷавлонгоҳи низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист барои аз байни бурдани ҳувияти исломӣ ва масеҳии Байт-ул-муқаддас ва  ҷойгузин кардани он бо намодҳои саҳюнизм, табдил шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп