Маросими ҷанозаи шаҳидони “Ал-Ҳашду Шаъбӣ” бо шиори марг бар Амрико ва марг бар Исроил
(last modified 2021-06-29T13:42:37+00:00 )
Июн 29, 2021 18:42 Asia/Dushanbe
  • Маросими ҷанозаи шаҳидони “Ал-Ҳашду Шаъбӣ” бо шиори марг бар Амрико ва марг бар Исроил

Ҳазорон нафар аз мардуми Бағдод дар ташеи ҷанозаи шаҳидони “Ал-Ҳашду Шаъбӣ” таҷаммуъ карда ва алайҳи Амрико ва режими саҳюнистӣ шиор доданд.

Ҳазорон нафар аз мардуми Бағдод имрӯз сешанбе бо таҷаммуъ дар минтақаи «Ал Ҷодирия» дар маросими ҷанозаи пайкари шаҳидони “Ал-Ҳашду Шаъбӣ” ҳузур ёфтанд.

Дар ин маросим шахсиятҳо ва фармондеҳони аршади муқовимати Ироқ, аз ҷумла Қосим Ал Аъраҷӣ, мушовири амнияти миллии Ироқ, Фолеҳ ал Фаёз, раиси созмони “Ал-Ҳашду Шаъбӣ”,  Абӯ Фадак ал Муҳаммадовӣ, раиси Ситоди кули нерӯҳои ин созмон ва  Ҳодӣ ал Омирӣ, раиси эътилофи Ал Фатҳ низ ҳузур ёфтанд.

Намозгузорон ба ҳангоми вурӯди Абӯ Фадак бо истиқбол аз вай шиори «Эи Абу Фадак интиқом бигир» сар доданад.

Ҳозирин дар ин маросим бо шиори «марг бар Амрико» ва «марг бар Исроил» , ҷинояти ишғолгарони амрикоӣ дар ҳамлаи бомдоди рӯзи душанбе ба мақари “Ал-Ҳашду Шаъбӣ” дар минтақаи «Ал Қоим» дар марз бо Сурияро маҳкӯм карданд.

Онҳо ҳамчунин аз гурӯҳҳои муқовимати Ироқ хостанд посухе вайронгар ба ин иқдоми Амрико бидиҳанд.

Ҷангандаҳои Амрико душанбе (28 июн) ба як пойгоҳи пуштибонии типи 14 “Ал-Ҳашду Шаъбӣ”-и Ироқ дар марзи ин кишвар бо Сурия ҳамла карданд, ки дар ин ҳамла чаҳор нерӯи ироқӣ ба шаҳодат расидаанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп