Сурия баёнияи эътилофи Амрико зидди ДИИШ-ро дуруғи маҳз хонд
Вазорати умури хориҷа ва муҳоҷирони Сурия сешанбешаб бо интиқод аз нишасти эътилофи байналмилалии зидди ДИИШ ба саркардагии Амрико дар Руми Италия, эълом кард, ки баёнияи ин эътилоф бо воқеият ҳамхонӣ надорад ва дуруғи маҳз аст.
Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия (Соно), дар ин баёния омадааст: Сурия аз вазирони умури хориҷаи бархе кишварҳо, ки маҷбур ба ширкат ва мувофиқат бо ду баёнияи омода шуда тавассути Амрико ва муттаҳидонаш шудаанд, бисёр ибрози таассуф мекунад.
Вазорати умури хориҷаи Сурия бо баёни инки баёнияи эътилофи зидди ДИИШ, ки аз пирӯзиҳо ва нақшаҳои хаёлӣ барои шикасти ин гурӯҳак сухан гуфтааст, вуҷӯди хориҷӣ надорад ва тамоми милал дар ҷараён ҳастанд, ки ин баёния бо воқеияти сиёсатҳои Амрико дар воқеъ ҳамхонӣ надорад.
Ин баёния таъкид кард: чаро ки бар асоси суханони Ҳиллари Клинтон, вазири умури хориҷаи собиқи Амрико, ин Иёлоти муттаҳида ва муттаҳидони он буданд, ки бо ҳимояти молӣ, таслеҳотӣ ва расонаӣ иқдом ба ташкили гурӯҳаки террористии ДИИШ карданд.
Ин вазоратхона афзуд, таҳримҳои золимона ва якҷонибаи таҳмил шуда тавассути Амрико ва Иттиҳоди Аврупо алайҳи мардуми Сурия ва мамониати онҳо аз вурӯди дору ва ғизо ва сӯхт ба Сурия дуруғ будани иддаоҳои ин кишварҳо мабнӣ бар алоқамандиашон ба таъмини ниёзҳои инсонӣ дар Сурияро собит мекунад.
Нишасти эътилофи байналмилалии зидди ДИИШ ба саркардагии Амрико рӯзи сешанбе дар Рум, пойтахти Италия баргузор шуд ва раёсати ин нишастро Луиджи Ди Майо ва Энтони Блинкен, вазирони умури хориҷаи Италия ва Амрико бар ӯҳда доштанд.
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО ва Ҷозеф Боррелл, раиси сиёсати хориҷаи Аврупо низ дар ин нишаст ҳузур доштанд.
Бештар бихонед:
- Вашингтон Пост: саркардаи ДИИШ хабарчини Амрико будааст
- Зариф: Ироқ ҷилавдори мубориза бо ДИИШ дар минтақа буд