Вокуниши Ҳамос ба ҳазфи муҷаддади номи Фаластин аз нақшаҳои Google ва Apple
(last modified 2021-07-01T05:06:21+00:00 )
Июл 01, 2021 10:06 Asia/Dushanbe
  • Ширкатҳои Google ва Apple бо ин иқдом  тамоми ҳақиқати торихӣ ва ҳуқуқиро дур андохтанд
    Ширкатҳои Google ва Apple бо ин иқдом тамоми ҳақиқати торихӣ ва ҳуқуқиро дур андохтанд

Дафтари иттилоърасонии Ҳамос дар Ғазза иқдоми ҷадиди ширкатҳои Google ва Apple дар хориҷ кардани номи Фаластин аз рӯи нақшаҳоро маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории фаластинии Сафо, дафтари итилоърасонии Ҳамос дар Ғазза шаби чаҳоршанбе эълом кард, ба рағми онкии ширкатҳои Google ва Apple пештар ва дар пайи эътирозот аз иқдоми худ дар ҳазфи номи Фаластин аз рӯй нақшаҳо мунсариф шуда буданд, бори дигари номи ин кишварро аз нақшаҳои худ ҳазф кардаанд.

 

Дафтари итилоърасонии Ҳамос тасреҳ кард, ширкатҳои Google ва Apple бо ин иқдом  тамоми ҳақиқати торихӣ ва ҳуқуқиро дур андохтаанд; ҳақиқате, ки собит мекунад моликияти ин бахш аз кураи хокӣ мутаъаллиқ ба соҳибони фаластинии он аст.

 

Дар баёнияи ҳамос омадааст, мо ин иқдомро навъе рафтори хасмона алайҳи миллат ва ҳуқуқи Фаластин ва ҳамчунин шевае мухолиф бо қатъномаҳо ва мисоқҳои байналмилалӣ медонем. Ин гом, ҷонибдории ошкор аз ишғолгаронро нишон медиҳад ва ниёзманди истодагии ҷиддии мардум ва ҳамчунин тамоми тарафдорону ҳомиёни ормони Фаластин аст.

Дафтари итилоърасонии Ҳамос дар Ғазза эълом кард, ин гом  бахше аз ҷангест, ки ишғолгарон ва шуракои онҳо  алайҳи ормон ва усули миллии Фаластин ба роҳ андохтаанд. Ин ду ширкат соли гузашта пас аз кампаняҳои эътирозӣ ва дархости таҳрим аз ин рафтори худ даст бардоштанд.

Дар баёнияи Ҳамос омадааст, аз атбоъи фаластинӣ дар Амрико мехоҳем, ки аз ин ширкатҳо шикоят кунанду хостори ақибнишинии онҳо аз ин иқдом шаванд ва ҳамчунин барои афроде, ки дар пайи таҷовузҳои моҳи гузаштаи ишғолгарон осеб диданд, дархости хисорат кунанд.

Google ва Apple  соли гузашта низ дар иқдоме мушобеҳ номи Фаластинро аз нақшаҳои худ ҳазф карда буданд, ки ин иқдом  хашми доираи васе  аз корбарони фазои маҷозиро барангехт. Корбарони фазои маҷозӣ бо хештегҳои "Дар канори фаластиниён истед" ва "Фаластинро  озод кунед" аз мардуми Фаластин алайҳи ин иқдоми Google ва Apple пуштибонии худро баён карданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп